ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Дар шаҳри Алмаато бахшида ба варзишгари номдор ва касбӣ-Исатой Кабеков мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба таэквандо баргузор шуд.
Дар ин бора роҳбари кулли Федеросюни таэеквандо Мануеҳр Хуморов хабар дод.
Дар сабқат варзашграони синну солашон аз 5 то 17 сола ҳаққи ширкат доштанд. Манбаъ афзуд, ки дар умум дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар байни ҳам рақобат карданд.
Мунтахаби таэквандои Тоҷикистон низ яке аз фаъолтарин ширкаткунандагон буд. Аз Тоҷикистон Ойбек Шамаев (24 кг), Боймуҳаммад Содиқов (33 кг), Ҳасан Абдукаромов (33 кг), Шӯҳрат Холов (51 кг), Алишер Сафаров (63 кг), Шеравган Маллаев (+63 кг) қувваозмоӣ каданд.
Дастаи таэквандочиёни Тоҷикистон ду медали биринҷӣ бадаст оварданд. Соҳибони медалҳо Шеравган Маллаев ва Алишер Сафаров мебошанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар ноҳияи Панҷ сабқати ҳандбол баргузор шуд. Дар он намояндагони манотиқи гуногуни кишвар ширкат карда, мақоми аввалро дастаи Душанбе аз худ кард.