ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар пойтахт варзишгарони шаҳру ноҳияҳои гуногун ба ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо дар риштаи таэквандо маълум гардиданд. Мусобиқа байни варзишгарони синну солашон 14-15, 16-17, 18 ва бузургтарҳо гузаронида шуд. Дар қаҳрамонӣ зиёда аз 200 варзишгар аз шаҳри Душанбе, НТМ ва вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.
"Чемпионати ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир гардид,-гуфт мураббии даста Далер Тураев. Мехоҳам қайд намоям, ки имсол дар мусобиқа варзишгарони дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳо низ ширкат доштанд. Онҳо дар сабқат хеле хуб баромад намуда, ҳатто ҷойҳои намоёнро низ ишғол намуданд".
Ӯ қайд намуд, ки анкун ба мусобиқаҳои бузурги байналмиллалӣ омодагӣ мебинанд. Қаҳрамонии Тоҷикистон яке аз давраҳои интихобӣ буда, номзадҳои мунтахаби кишварро оид ба таэквандо маълум кард.
Дар ояндаи наздик мусобиқа оид ба кикбоксинг, ки аз 28 август то 3 сентябр дар Ирландия ва ҳамчунин сабқат дар риштаи таэквандо аз 5 то 12 сентябр дар Италия доир мегарданд моро интизоранд. Ҳадафи асосии мо акнун омодагӣ ба ин сабқатҳо аст. Интизор меравад, ки мусобиқаи интихобии ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг рӯзҳои 23-24 моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардад.
Айни замон ҳайати мураббиён диққати худро ба варзишгарони наврас равона намудаанд, чун имсол барои калонсолон мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баргузор нахоҳанд шуд.