Як шаҳрванди Тоҷикистон дар инфиҷори метрои Петербург кушта шудааст

© Sputnik / Анна Волкова / Гузариш ба медиабонкПулис дар Петербург
Пулис дар Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Санкт-Петербург мегӯяд ки дар таркиши метрои Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон низ кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар натиҷаи инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон низ кушта шудааст.
Дар ин бора шаҳрдори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Сотрудники правоохранительных органов у станции метро Технологический институт в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Сарконсулгарии ҶТ дар Петербург: ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон кушта нашудааст

Вай аз ин шаҳрванд номе набурд, вале ҳамчунин гуфт, ки дар миёни кушташудагон шаҳрвандони Узбакистон ва Белорус низ ҳастанд.

Сафорати Тоҷикистон дар ин бора гуфт, бино бар иттилоъе ки дар даст доранд, ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон дар ин инфиҷор кушта нашуда, вале қазияро пайгирӣ доранд ва иттилоъоти дақиқу дарёфтиро эълом хоҳанд кард.

Поси хотири қурбониён дар метрои шаҳри Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Чу узве ба дард оварад рӯзгор: вазъ дар Петербург пас аз таркиш дар метро

Ба гуфтаи шаҳрдори Петербург, дар ин инфиҷор 49 кас захмӣ шуда ки аз он шумор 12 тан бисёр сахт, 27 тан сахт ва 10 тан камтар захмӣ шудаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки инфиҷор дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, дар роҳи миёни истгоҳҳои "Сенная плошад" ва "Технологический институт — 2" дирӯз, 3 апрел рух дод.

Бино бар охирин омор, дар ин инфиҷор 14 кас кушта ва 49 кас захмӣ шудааст.

Кумитаи бозҷӯии Русия ин инфиҷорро "амалиёти теруристӣ" хонда ва авомилу шароити онро бозҷӯӣ дорад.

Дар вагоне ки конуни инфиҷор буд, ҷасади як муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ низ ёфт, ки гумон меравад омили инфиҷор буда бошад. Вале бозҷӯён ҳануз далеле дар даст надоранд ки собит кунад ҳамин муҳоҷир худро тарконда бошад.

Як манбаъ дар неруҳои интизомӣ ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст ки бозҷӯён дигар авомилу шароитро ҳам пайгирӣ мекунанд. Бархе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки гӯё худкуше ки вагонро тарконда аст, муҳоҷире аз Қирғизистон будааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ин иттилоъро таъйид карда ва эълом кардааст, ки омили эҳтимолии инфиҷор, бар асоси мадорику шавоҳиди аввалия, Акбарҷон Ҷалилов ном касест ки соли 1995 дар шаҳри Ӯш зода шудаву шаҳрванди Қирғизистон буда, вале шаҳрвандии Русияро низ доштааст.

Ин ниҳод эълом карда ки ниҳодҳои иттилоъотиву амниятии Русия дар заминаи бозҷӯии авомили қазияи инфиҷор ҳамкорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0