Чу узве ба дард оварад рӯзгор: вазъ дар Петербург пас аз таркиш дар метро

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонкПоси хотири қурбониён дар метрои шаҳри Петербург
Поси хотири қурбониён дар метрои шаҳри Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар пояи охирин омор, дар инфиҷоре, ки дирӯз, 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург рух дод, 14 кас кушта ва беш аз 40 кас захмӣ шудааст. Кумитаи бозҷӯии Русия ин инфиҷорро "амалиёти теруристӣ" дониста ва авомилу шароити онро бозҷӯӣ дорад

Омили эҳтимолии инфиҷор, бар асоси мадорику шавоҳиди аввалия, Акбарҷон Ҷалилов ном шаҳрванди Қирғизистон аст, ки соли 1995 дар шаҳри Ӯш зода шуда, вале шаҳрвандии Русияро низ доштааст. Гумон меравад ки ӯ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" пайванде дорад.

Бино ба бархе гузоришҳо, неруҳои амниятӣ аз қасди баргузории амалиёти теруристӣ дар Санкт-Петербург огоҳ будаанд, аммо ба далели камбуди иттилоъот натавонистанд аз он пешгирӣ кунанд.

Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Омили инфиҷор дар метрои Петербург эҳтимолан муҳоҷире аз Осиёи Марказӣ будааст

Санкт-Петербург яке аз шаҳрҳоест ки шумори бисёре аз муҳоҷирони тоҷик онро барои зиндагиву кор ихтиёр кардаанд.

Аз дирӯз боз хабарнигори мо кӯшиш дорад бо консулгарии Тоҷикистон дар Петербург тамос бигирад, аммо касе онҷо гӯширо намегирад то пурсишҳоро посух диҳанд.

Аммо сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт: "Сафорат ва сарконсулгарии Тоҷикистон дар Санкт- Петербург, аз нахустин дақиқаҳо ин ҳодисаи фоҷеаворро зери таҳқиқ карор додааст. Бино ба иттилоъоти аввалия, аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин инфиҷор ҳеч касе куштаву захмӣ нашудааст".

"Сафорату ниҳодҳояш раванди бозҷӯии ин қазияроро пайгирӣ мекунанд", — афзуд Сарвар Бахтӣ.

Як шаҳрванди Тоҷикистон Олияхон Ғаниева, ки дар шаҳри Петербург зиндагиву кор мекунад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз вазъи шаҳр пас аз таркиш гуфт, ки дирӯз пас аз ин воқеъа метро аз кор монд ва хиёбонҳои шаҳр аз анбӯҳи худравҳо баста шуда буданд. Нақлиёти умумии мусофирбари хадамоташро ройгон кард, ҳатто токсиронҳо низ мардумро ройгон ба манзилашон мебурданд.

"Соатҳои 20:00  аз кор бармегаштам. Аз бисёрии мошинҳо, қариб ҳама роҳҳо баста шуда буд. Наздики як соат интизори автобус шудам ", — гуфт вай.

"Ман хабар надоштам, ки нақлиёт ройгон шудааст. Вақте ки як саот интизор шудам, дидам, ки ҳатто таксиҳои пулакӣ низ одамонро ройгон ба манзилашон мебаранд", — тавзеҳ дод вай.

Олияхон мегӯяд, касе дар он вазъ бетараф набуд, ҳатто ронандаҳои роҳгузар низ ба шаҳрвандон пешниҳод намуданд, ки кӯмак кунанд.

"Петербургиён воқеъан мардуми шикастнопазиранд", — афзуд вай.

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор!

Лентаи хабарҳо
0