Сарконсулгарии ҶТ дар Петербург: ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон кушта нашудааст

© Sputnik / Анна Волкова / Гузариш ба медиабонкСотрудники правоохранительных органов у станции метро "Технологический институт" в Санкт-Петербурге
Сотрудники правоохранительных органов у станции метро Технологический институт в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Сарконсулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Санкт-Петербург эълом кард, ки дар инфиҷор дар метрои ин шаҳр ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон куштаву захмӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Намояндаи Сарконсулгарии Тоҷикистон дар Петербург дар суҳбат бо хабарнигорамон гуфт: "Дар феҳристи кушташудагон дар ин инфиҷор номи хонаводагии шаҳрванде оварда шуда ки монанд ба номҳои хонаводагии тоҷикӣ аст. Вале ӯ тоҷик нест".

Вай афзуд: "Сарконсул дар бемористон буд ва аз аҳволи захмишудагон ҷӯё шуда, аммо маълум шуд ки дар миёнашон ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон нест".

Пештар шаҳрдори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко ба хабарнигорон иттилоъ дода буд ки дар натиҷаи инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон низ кушта шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар вокуниш ба ин хабар гуфт, бино бар иттилоъе ки дар даст доранд, ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон дар ин инфиҷор кушта нашуда, вале қазияро пайгирӣ доранд ва иттилоъоти дақиқу дарёфтиро эълом хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0