Бурсоқ, ош ва рақсу бозӣ: ҷашни наврӯзӣ дар Калининград

© Фото : SputnikТаҷлил Наврӯз дар Калининград
Таҷлил Наврӯз дар Калининград - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бори аввал намояндагони чор миллат: тоҷикон, узбекҳо, қазоқҳо ва озарбойҷониҳо Наврӯзҳо якҷоя ҷашн гирифтанд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар вилояти Калинингради Русия барои бори аввал ҷашни Наврӯзро намояндагони чор диаспора бо ҳам таҷлил карданд.

Ҷашни бостонии Наврӯзро тоҷикони муқими Калининград ҳамроҳи намояндагони дигар миллатҳо дар яке аз марказҳои дилхушӣ қайд карданд. Меҳмонони базми наврӯзиро бо оши палави тоҷикӣ ва узбекӣ, чойи озарбойҷонӣ ва бурсоқи қазоқӣ меҳмондорӣ карданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷашни Наврузро пешвоз гирифт - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯзи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: меҳмонони хориҷиро ошиқи атлас ва оши палав кард

Дар як сӯ ҷашни Наврӯзӣ ва дар ҷониби дигар сохтмони майдони футбол барои Чемпионати ҷаҳон-2018 идома дошт.

Солҳои қаблӣ Наврӯзро ҳар як диаспора дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифт, имсол бошад, намояндагони чор диаспора ҷашни бостониро бо ҳам таҷлил карданд.

Фикри якҷо ҷашн гирифтани Наврӯз солҳо боз дар сари роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Калининград, Қаҳор Расулов ва намояндаи Озарбойҷон Нодир Агаев буд.

Қаҳор Расулов роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Калиненград гуфт, ки "дар ҳудуди Калиннинград намояндагони 132 миллатҳои гуногун ба сар мебаранд. Имрӯз мо намояндагони чор диаспора, тоҷикон, узбекҳо, қазоқҳо ва озарбойҷониҳо ҷашни Наврӯзро такшил карда ва намояндагони дигар халқу миллатҳоро ба ҷашни худ даъват кардем".

© Фото : SputnikКахор Расулов, архивное фото
Кахор Расулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кахор Расулов, архивное фото

Ба меҳмонони ҷашн хӯрокҳои миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи корсертӣ пешкаш гардид.

"Мо дер боз фикри якҷоя ҷашн гирифтани Наврӯзро доштем. Ва хушбахтона ин мақсадамонро амалӣ намудем. Фикр мекунам, ки солҳои оянда низ Наврӯзро бо ҳам қайд мекунем ва ин ҷашн ба яке аз анъанаҳои хуби байналмиллалӣ табдил меёбад",-изҳор дошт, роҳбари автономии Озарбойҷон дар вилояти Калининград Нодир Агаев.

Таҷлили Наврӯз дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чаро имсол дар Маскав Наврӯзро дар рӯзи ханда ҷашн мегиранд?

Ошпазони моҳир байни ҳам рақобат карда, кӯшиш мекарданд аз якдигар пеш гузаранд, вале чун ҳамешагӣ дӯстӣ ғалаба кард ва меҳмонон натавоистанд, оши якеро аз дигаре беҳтар гӯянд.

Роҳбаи диаспораи Узбакистон қайд кард, ки Наврӯз ҷашни муттаҳидӣ аст.

"Дар солҳои пешин мардуми мо Наврӯзро якҷоя ҷашн мегирифтанд. Дар Калининград, акнун иди Наврӯз маънои аниқи худ, ба ҳам овардани миллатҳои гуногунро гиритф. Мо шодем, ки якҷо ин ҷашнро пешвоз мегирем. Ба ҳама хушбахтӣ ва сулҳу амониро таманно дорам".

Бояд гуфт, ки ташкилкунандагони базми наврӯзӣ барои меҳмонон озмуни рақси беҳтарин эълон карданд. Аввал намояндагони чор миллат бояд яке аз раққосони беҳтарини худро ба майдон мебаровард. Дар охир худи роҳбарони диаспора ба рақс даромаданд. Ҷои аввалро муайян кардан мушкил буд. Чун ҳамаи меҳмонон ва раққссон бо касбияти баланд, рақсҳои миллии худро ба тамошобинон пешкаш карданд.

© Фото : SputnikПразднование Навруза в Калининграде
Празднование Навруза в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон
Празднование Навруза в Калининграде

"Ман ёд дорам, ҷое, ки ман дар Қазоқистон ба дунё омадаам, Наврӯзро санаи 22-март таҷлил мекарданд. Хушбахтона имсол мо ин ҷашнро дар иҳотаи ёру дӯстон аз дигар кишварҳои ҳамсоя таҷлил мекунем",-гуфт, роҳбари диаспораи Қазоқистон дар Калининград.

Наврӯз-баробаршавии шабу рӯз, ҷашни бузурги табиат аст. Дар ин рӯз мардум дар хонаҳои худ суфраи ҷашнӣ ороста ба аёдати ёру дӯстон, хешу пайвандон, беморону ниёзмандон мераванд.

Чун анъана Наврӯзи мардуми Калининград низ бо барномаи консертӣ анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0