Сараввал сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов тамоми меҳмонони чорабиниро ба ҷашни Наврӯз муборакбод намуд.
Илова бар ин, тоҷикони Русияро меҳмонон аз Тоҷикистон- ҳофизон Ҳасан Камол, Ситораи Кароматулло ва Аброр Назаров шод намуданд.
Тарроҳи шинохтаи тоҷик Умед Кучкалиев бо коллексия "Таҳмина" диққати ҳамагонро махсусан ҷалб намуд.
Духтарон дар тан либосҳои атлас, ки бо тарҳ ва намуди гуногун дӯхта шудааст, фарҳанги либоси тоҷикиро бештар дар байни миллатҳои гуногун тарғиб намуданд.
Ба гуфтаи як нафар зани тоҷик Назанин Абдусаломова- ҳамсари рӯзноманигори маъруфи Русия Александр Гордон, вай ҳам акнун ошиқи либосҳои тоҷикона шудааст ва мехоҳад, минбаъд ба худ аз матои атлас курта омода созад.
Чуноне ки барандаи чорабинӣ Аслишо Акимбеков қайд намуд, ин шом намояндагони зиёда аз 70 давлатҳоро ба ҳам оварда буд.
Ба гуфтаи яке аз меҳмононии шоми наврӯзии сафорат, ки худро ҳамсари сафири Малӣ дар ФР муаррифӣ кард, ин шом ва фарҳанг барояш хело писанд омадааст.
Чун аз вай пурсон шудем, ки оё куртаҳои тоҷикӣ ба вай писанд омаданд, ҳазломез ҷавоб дод, ки "бале, вале оши палав бештар".
Ба ҷашн чеҳраҳои шинохта —Ноҳиди Зайналпур, коргардони кино Валерий Ахатов, рӯзноманигор Валерий Гордон, роҳбари диаспораи тоҷикон Маскав Хуршеда Ҳамроқулова ва ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов" Турсунай Закирова низ иштирок доштанд.
Sputnik Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда, бо чанд меҳмонон сӯҳбат орост.
Турсуной Закирова, ғолиби озмуни "Битва экстрасенсов" дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки чанд муддат аст дар Русия кору фаъолият мекунад.
"Расман, ҳоло дар яке аз маркарзҳои психологӣ кор карда истодаам. Албатта пеш аз ҳама ба тоҷиконӣ худ кӯмак ва хизматрасонӣ мекунам",- гуфт вай.
Ба гуфтаи Турсуной Закирова, соли нав- Наврӯз ба тоҷикон соли бобарор хоҳад шуд.
Ситораи Кароматулло гуфт, хело хурсанд, ки ба ин ҷо даъват шудааст ва ба нақша дорад, ки ба Наврӯзи тоҷикон дар Маскав, ки санаи 1-уми апрел баргузор мешавад, ҳозир шавад.
Ҳасани Камол Наврӯзро яке аз ҳуввияти миллии тоҷикон номида, барои гиромидошти ин ҷашн ба роҳбарияти кишвар ва раисҷумҳур изҳори миннатдорӣ баён кард.
Валерий Аҳатов, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, гуфт, Душанбе хело обод гаштааст ва дар Тоҷикистон коргардонҳои болаёқати ҷавон зиёданд.
Дар охир зери ҳавои суруди "Я встретил девушку" на танҳо духтарони атласпӯши тоҷик ба рақс бароманд, балки бисёре аз занони дигар миллатҳо низ саҳнаро оро доданд.