ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки имсол Наврӯзро дар Маскав якуми апрел ҷашн мегиранд.
Вай далели ин таъхирро "холӣ набудани толор дар Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодӣ ё ВДНХ — макони баргузории ҷашн дар Маскав" гуфт.
"Аввал қарор буд, ки Наврӯз дар Маскав рӯзҳои 25 — 26-уми март, ки рӯзҳои таътил ҳастанд, ҷашн гирифта шавад. Аммо дар ин рӯзҳо толори 75-уми ВДНХ, ки барои баргузории ҷашнҳои бузург муносиб аст, холӣ нест. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҷашни Наврӯзро якуми апрел баргузор кунем", — гуфт Хуршеда Ҳамроқулова.
Вай афзуд, "Наврӯзро аз қадимулайём 14 рӯз ҷашн мегирифтанд ва ишколе надорад ки мо ҷашнамонро дар 10-умин рӯз баргузор мекунем".
Ёдовар мешавем ки порсол Наврӯз дар Маскав 20-уми март ҷашн гирифта шуд. Дар он ҷашн беш аз 35 ҳазор кас ширкат кард. Дар чорчӯби барномаҳои он ҷашн барномаи консертӣ, куштии паҳлавонон, ҷашнвораи хӯрокҳои миллии эронитаборон ва ҳамчунин бархе аз мардумони туркизабон баргузор шуданд.
Хуршеда Ҳамроқулова гуфт, ки имсол шумораи боздидкунандагон нисбат ба порсол бештар хоҳад шуд: "Имсол дар барномаи наврӯзӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Тотористон, Бошқирдистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард".
Вай гуфт, ки имсол куштӣ баргузор намешавад, вале барномаи бошукӯҳи консертӣ бо ширкати ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур, Аскаралӣ Гулов, Шаҳзод Ҳакимов, гурӯҳи созу овози "Эхо Памира", гурӯҳҳои рақсии "Гулчин" ва "Нур" баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфти раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав, дар барномаи имсола ҳамчунин баргузории ҷашнвора-озмуни "Ойини палавпазӣ" баргузор карда мешавад: "Ошпазон дар назди мардум ҳунари худро нишон хоҳанд дод".
Ҷашни Наврӯз имсол низ чун ҳар сол дар толори 75-уми ВДНХ баргузор мешавад. Барномаҳо аз соати 10 субҳ оғоз шуда соати 10 шаб ба поён мерасанд. Боздид аз барномаҳо озоду ройгон аст.
Ҷолиб аст ки имсол дар Тоҷикистон таътилоти наврӯзӣ 13 рӯзро дар бар мегиранд. Барномаи аслии ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон имсол дар шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 ҷашни Наврӯз ва оши палав дар феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шуданд.