Палавхӯрӣ дар Ню-Йорк: видеои амрикоиҳо дар Faceboоk ғурури миллии тоҷиконро барангехт

© Sputnik Тоҷикон дар Ню Йорк
Тоҷикон дар Ню Йорк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд рӯз пештар як тоҷики муқими Амрико дар сафҳааш дар Facebook навори видеоиеро мунташир кард ки дар андак муддате 35 ҳазор бор боздид ва 800 бор ҳамрасонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ чанд ҷавони амрикоӣ аз шаҳри Ню-Йорк дар бораи як дӯсташон аз Тоҷикистон навори видеоӣ омода карданд. Аммо дар гӯшаи хаёлашон ҳам намеомад, ки ин навор ғурури миллии тоҷиконро хоҳад барангехт.

Амрикоиҳо дар ин навор дар бораи шаҳри Ню Йорк мегуфтанд ки дар ин шаҳр ҳар касе метавонад хостаашро пайдо кунад. Тоҷикҷавоне Шероз ном аз Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз касонест ки дар Ню-Йорк хостаашро ба даст овардааст. Вай чанд сол пеш ба ин шаҳр омада ва то кунун бо бисёр тоҷикон ошно шудааст. Вай ҳар аз гоҳе дар ошхонае хӯрок мехӯрад ки ҳамеша оши палави тоҷикӣ омода дорад. Шероз дар ин рестурон ташнагияш ба ёди Меҳанро мешиканад.

Навори мунташиршуда дар Facebook дар андак замоне 35 ҳазор бор боздид ва 800 бор ҳамрасонӣ шуд

Даниел Заретски (Daniel Zaretsky), яке аз корбарони Facebook, навиштааст: "Бисёр аҷиб аст. Ман худ аз Ню-Йоркам. Ҳамакнун дар Тоҷикистон ҳастам. Ҳарчанд аз палав "сер" шудаам, вале бо худ қарор гузоштаам ҳамин ки Ню-Йорк баргаштам, он ошхона рафта палавашро хоҳам чашид".

Шероз пас аз дарёфти грин-корт Амрико рафта буд. Вай аввал дар иёлати Теннесси муқим шуд, аммо пас аз чанде ба Ню-Йорк кӯчид. Ӯ гуфт дар Мемфис ҳамшаҳрие пайдо накард ва тасмим гирифт ба Ню-Йорк биравад.

"Дар Ню-Йорк зуд ҳаммеҳанонамро пайдо кардам. Ҳамчунин дар ин шаҳр ошхонаеро пайдо кардам ки хушмаззатарин палави тоҷикро мепазад ва фазояш ҳам комилан тоҷикона аст", — мегӯяд Шероз.

Бисёре аз тоҷикон ки зодбумашонро ёд кардаву пазмон шудаанд, дар зери он навор дар бораи оши палав ва меҳмоннавозии тоҷикон навиштаанд. Онҳо бо сипос аз созандагони он навор даъват кардаанд, ки ҳатман ба Тоҷикистон оянд ва маззаи палавро дар хостгоҳаш бичашанд.

Лентаи хабарҳо
0