ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фақуллода ва мудофиаи граждании ҶТ.
Тибқи ахбори манбаъ, айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Кумита аз лағзиши тармаҳои бузургҳаҷм тайи рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва Душанбе-Хуҷанд хабар медиҳад.
Бино ба гуфтаи сокинони куҳансоли ин манотиқ, чунин барфрезии шадид ва сардии беш аз ҳадди интизор дар ин 20 ва 30 соли гузашта собиқа надоштааст, менависад дафтари матбуоти КҲФ ҶТ.
Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд то 20-уми феврали соли 2017 дар навоҳии ВМКБ, куҳҳои водии Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфти лағзиши тарма ҳифз мешавад ва сафар дар ин роҳову минтақаҳо хатарнок аст.
Бар асари лағзиши бештар аз 80 тарма дар ин рӯзҳо 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира монданд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Пештар барои ташкили корҳои интиқоли мошинҳо ва одамон ба манотиқи амн Ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар километрҳои 48 ва 72 роҳи Душанбе-Айнӣ созмон дода буданд.
Аз санаҳои 17 то 20-уми феврал 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд. Корҳои наҷотдиҳӣ то ҳол давом дорад.
Дар маҳалҳои тармарез барои таъмини амнияти шаҳрвандон аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS постгоҳҳои иловагӣ ташкил карда шудааст, менависад КҲФ ҶТ.
Бинобар ахбари манбаъ, вазъи хеле ногувору пуршиддат дар роҳи мошингарди Ванҷ-Хоруғ-Мурғоб то ҳол ҳукмфармост.
Бар асари резиши санг ва лағзиши тарма ин роҳ комилан баста шудааст. Ситодҳои бартарафсзии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии Раиси вилоят шабонабарӯз кор мекунанд.
Кумита бинобар довом мавҷуд будани хатари тармафароӣ дар давоми 5-8 рӯзи дигар аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки ба хотири эмин нигоҳ доштани ҳаёташон аз сафар ба манотиқи хатарзо худдорӣ кунанд.