ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Вале сокинони ҷавони вилоят ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, ба тозакунии бомҳои хонаҳои ҳамсояҳо ва ниёзмандон машғул ҳастанд.
Ин "традиция"-и мост..
Корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук Назархудо Дастамбуев дар бораи барфи зиёди роҳи Душанбе-Хоруғ нақл карда мегӯяд, ки бори дигар дар рӯзҳои сарди зимистон ба меҳмонавозии мардуми тоҷик мӯътақид шуд.
Аз нақли ӯ бармеояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Рӯшон онҳо бо сабаби фаромадани тармаи воҳиманок дар деҳаи Шипад (Хъиподъ — Пои Шоҳ) дармонадаанд.
"Шаб расидем, кудакон ва занонро дар як хонаи деҳа ҷо ба ҷо кардем….соҳибони хона ҳамин хел қабул карданд, ки гуё хешу табор омадаст ва як умр шинос будаанд",-нақл мекунад Дастамбуев.
Дар идома сӯҳбат Назархудо аз азми ҷавонони деҳаи Шипад пурсон шудааст.
"Писарбачаҳои деҳаро ҷамъ дидам ва асбобҳои барфтозакунӣ дар дасташон, пурсидам: куҷо дар ин торикии барфӣ, гуфтанд: меравем аз ҳавлии хонаи якуми деҳаро аз барф тоза карда то саҳар бояд охиронашро пок кунем…ин гуфтанд "традиция"-и мост….."!
Натанҳо дар Шипад
Бар асари бориши аз меъёри зиёди барф дар ВМКБ вазъи аз нигоҳи табиӣ ноустувор ба амал омадааст. Аз ҳама бештар вазъи нигаронкунанда дар ноҳияи Ванҷ, махсусан дар Ванҷи боло дар ҳудуди ҷамоати Рованд ба вуҷуд омадааст.
Дар баъзе деҳаҳо баландии барф то 2,5 метр мерасад.
Вазъият қариб, ки дар тамоми ноҳияҳои ВМКБ якранг аст. Барфи зиёд, сардӣ, роҳҳои баста ва ҷавонони барфтозакун.
Ҳамин тавр қариб дар тамоми деҳаҳои ВМКБ аз ҳисоби ҷавонони фаъол гурӯҳҳои махсус ташкил карда шудаанд. Вазифаи асосии онҳо дар ин рӯзҳои сард, тоза кардани роҳҳо ва бомҳои хонаҳо аз барф мебошад.
Сокини деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон-Хушед (ном иваз шудааст), дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳар рӯз ҳамроҳи дигар ҷавонони деҳа ба тоза кардани бомҳои хонаҳо машғул мешаванд: "Рӯзҳои охир барф хеле зиёд борид, мо кӯшиш мекунем сари вақт ҳамаи бомҳоро аз барф тоза кунем".
Шарҳи раиси вилоят
Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят дар сӯҳбати ба "Озодагон" гуфтааст, ки иқдори техникии вилоят барои муътадил кардани вазъи бавуҷудомада кофист ва ҳоло тамоми техникаи мавҷуд дар вилоят ҳам аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам аз соҳибкорону шахсони ҳуқуқӣ барои муътадил кардани вазъ ҷалб шудаанд:
"Дар Бадахшон, ки 10-20 соли охир чандон барфи зиёд намеборид барфбории шадиди имсол мардумро ба воҳима андохт. Табиат аст, барф меборад, як муддат роҳҳо баста мешаванд ва ин ногузир аст. Мо бо табиат мубориза бурда наметавонем, вале тамоми чораҳоро дида истодаем".
Хатар боқӣ мемонад
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар то 20 феврали соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид боқӣ монда, боришоти зиёд — дар водиҳо борони пуршиддат ва дарозмуддат, дар ноҳияҳои кўҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки ба қадри имкон аз сафарҳо ба ноҳияҳои кӯҳистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.
Ҳаёти худ ва ҳаёти наздиконатонро зери хатар нагузоред!