Ҳушдор аз КҲФ: аз сафар худдорӣ кунед, ба ҳезумчинӣ наравед

© Sputnik / Амир ИсаевКӯҳҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, акс аз бойгонӣ
Кӯҳҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рушон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳое ғарами барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки бино бар додаҳои Созмони ҳавосанҷии Тоҷикистон, аз 15-ум то 18-уми феврал бориши барфу борони шадид ва дар ноҳияҳои кӯҳистонии кишвар бориши тарбарф интизор меравад.

Барф, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдорӣ аз IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боз хатарнок шуд

Бино бар иттилоъи Дафтари матбуоти КҲФ, дар роҳҳои худравгарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Лахш, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Хоруғ, Рӯшон — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим ва Хоруғ — Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳое роҳбандӣ аз барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин шароити обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ҳаддалимкон аз сафар ба манотиқи хатарноки тармахезу яхӣ худдорӣ кунанд ва то беҳтар шудани шароит аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор ҳам даст нигаҳ доранд.

Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳову маҳаллҳои куҳӣ ва ё маконҳои тармахез акидан фосилаи таъиншуда миёни худравҳоро риоя кунанд.

Лентаи хабарҳо
0