Сарез-марвориди кабуд дар куҳҳои Тоҷикистон

© AFP 2023 / KADAM MASKAYEVКӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ
Кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳз дар ҳамин рӯз, 106 сол қабл аз ин яке аз кӯлҳои ҷавонтарин ва баландтарин дар ақсои олам- Сарез ба вуҷуд омадааст.

Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст.. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастаанд.

Ҳар сол сатҳи об то ҳаштод метр боло рафта,боиси аз байн рафтани чандин мавзеъҳо мегардад. Яке аз аввалин деҳаҳое, ки зери обо монд, рустои Сарез буд,ки кӯл номи худро аз ин деҳа гирифтааст.

Кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯли Сарез аз зилзила зарар надидааст

Сатҳи чуқуртарини кӯл то 500 метр мерасад. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Дарозии обанбори табиӣ аз 50 километр зиёд буда, бараш 3,5 километр мебошад.

Кӯл дар минтақаи баландтарини Помир ҷойгир буда, имкони такроршавии зилзилаи то 8-9 балла дар 250 сол-1 маротиба, мувофиқи манбаъҳои дигар-1 маротиба дар 2000 сол, бо 7 балл-1 дар 100 сол вуҷуд дорад.

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкКӯли Сарез
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кӯли Сарез

 

Мувофиқи пешгӯии баъзе олимон, дар сурати заминҷунбӣ ҳавзи бузурги обӣ ба вуҷуд омада, сарбандро убур мекунад. Дар аввал он сели обии пуриқтидорро ба вуҷуд меорад ва ниҳоят сарбандро шуста мебарад. Дар натиҷаи ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ, масири об кушода шуда, боиси ба вуҷуд омадани сели обӣ бо қувваи бузург мегардад.

Музаффари Имомдод дар назди кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

Дар натиҷа, минтақаҳои поёноби Амударё, нуқтаҳои аҳолинишини Афғонистон, Тоҷикистон,Туркманистон ва Ӯзбекистон хисороти бузург хоҳанд дид. Дар минтақаҳои хатарнок тақрибан 6 миллион нафар умр ба сар мебаранд.

Соли 2000 ҳукумати чор кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ироаи кумакҳои фанниву молиявӣ дар масъалаи кӯли Сарез муроҷиат карда буданд.

Худи ҳамон сол аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди коҳиш додани хатари кандашавии Сарез барои солҳои 2000-2006 ба кор шурӯъ кард. Корҳо бо тартиб додани низомӣ огоҳсозӣ маҳдуд шуданд.

© Sputnik / Сметанин / Гузариш ба медиабонкКӯли Сарез соли 1979
1/4
Кӯли Сарез соли 1979
© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкКӯли Сарез-яке аз ҷои тамошобоби Помир
Кӯли Сарез - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Кӯли Сарез-яке аз ҷои тамошобоби Помир
© Sputnik / Л. Денисов / Гузариш ба медиабонкАкси кӯли Сарез аз моҳвора
3/4
Акси кӯли Сарез аз моҳвора
© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкСайёҳат дар кӯли Сарез
Сайёҳат дар кӯли Сарез - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Сайёҳат дар кӯли Сарез
1/4
Кӯли Сарез соли 1979
2/4
Кӯли Сарез-яке аз ҷои тамошобоби Помир
3/4
Акси кӯли Сарез аз моҳвора
4/4
Сайёҳат дар кӯли Сарез
Лентаи хабарҳо
0