Кӯли Сарез аз зилзила зарар надидааст

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкКӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ
Кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон ду гуруҳи вижаи ҳукуматӣ таъсис ёфта, аз маҳалли ҳодисот дар қаламрави вилоят дидан мекунанд.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Барои муайян кардани ҳаҷми хисороти молӣ аз заминларзаи имрӯза дар қаламрави вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду гуруҳи корӣ дар ҳайати як комиссияи давлатӣ созмон ёфта, ба маҳалли ҳодисот рафтаанд, иброз дошт як масъули ҳукумати вилоят Шокарим Худоёров аснои суҳбат бо Sputnik.

"Ҳоло як гуруҳ ба водии Бартанги Рӯшон ва дигаре ба ҷамоати Ван-қалъаи ноҳияи Шуғнон рафтаанд. Тибқи иттилоъи расида, бар асари сангрезӣ дар Бартанг чанд манзили маскунин зарар дида, дар Шуғнон низ хисороти молӣ ба қайд расидааст. Дар мавриди зарар дертар маълумот хоҳем дод",- илова кард ӯ.

Рӯди Ванҷ дар ноҳияи Ванҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ванҷ: тахриби як манзили зист дар пайи заминларза

Ба қавли сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Ориф Нозимов, дар минтақаи кӯли Сарез вазъ мӯътадил арзёбӣ гардида, ҳеч тағйироте сабт нашудааст.

"Гуруҳи мониторингии КҲФ, ки ба таври шабонарӯзӣ дар ин ҷо фаъолият карда, вазъи кӯлро назорат менамоянд, мегӯянд, зилзила ба кӯл таъсир нарасонидааст",- қайд кард Орифов.

Ёдрас менамоем, соати 12:51 ба вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон замин ҷунбид.

Бино ба иттилоъи Оҷонсии зилзиласанҷии Аврупо, маркази заминҷунбӣ дар атрофи минтақа ва шаҳраки Мурғоб дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, воқеъ дар 367 километрии ҷануби шаҳри Душанбе буда, шиддати зилзила дар ин ҷо 7,2 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0