ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Бори андоз сабаб мешавад, ки бисёре аз операторҳои мобилии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти минбаъдаи худ дар кишвар андеша кунанд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки роҳбарияти "Билайн дар Тоҷикистон" мехоҳад фаъолияташро дар кишвар қатъ кунад. Ин қарори худро ширкат ба зиёд гардидани андоз вобаста мекунад.
"Билайн" мегӯяд, ширкат танҳо дар соли 2016 73 миллион доллар андоз супоридааст, дар ҳоле, ки даромади умумии оператори алоқаи мобилӣ 68 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аз сабаби бисёр будани хароҷот назар ба даромад, ширкат маҷбур шудаст, ки 40% кормандони худро ихтисор кунад ва умуман аз реклама даст кашад.
Аз ҷумла дар кӯчаҳо то рафт рекламаи ширкати "Билайн" кам мешавад, ҷойи онро пурра ширкати Tcell мегирад.
Намояндаи расмии ширкат, мутаасифона ин маълумотро шарҳ надод.
Гап дар куҷост?
Охирҳои моҳи январ Кумитаи андози Тоҷикистон изҳор намуд, ки операторҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз андоз якчанд миллион қарз доранд.
Ҳамин тавр, ширкати "Мегафон" 155 миллион қарз доштааст. Ширкат барои саркаши аз пардохти андоз 155 миллион сомонӣ ҷарима карда шуд.
Қарзи "Биайн Тоҷикистон" бошад, 151,3 миллион сомониро ташкил намудааст.
Аммо ба гуфтаи намояндаи "Билайн Тоҷикистон" ширкатро аз маблағи гуфта шуда ба маротиб бештар қарздор кардаанд-354 миллион сомони(45 миллион доллар).
Буҷҷа "гушна монд"?
Иқтисодчиёни мустақил мегуянд, ин навъи андозбандӣ барои пур кардани холигиҳо буҷа равон карда шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2016 781 миллион сомонӣ(100 миллион доллар) камомадӣ кард.
Аз ҳамин сабаб, ба "гардани" опреторҳои мобилӣ бор кардаанд, ки маблағии норасидаи буҷаи давлатиро пур кунанд.
Кам шудани муштариён
Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, шумораи муштариён дар соли охир то 2,5 миллион- аз 11,2 то 8,7 миллион нафар кам шудааст. Кам шудани истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба вазъи молиявии ширкатҳо таъсири калон мерасонад.
Истифодабарандагони фаъоли алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то 800 ҳазор нафар кам шудаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 4,4 миллион нафар аз ин намуди муошират истифода мебаранд.
Хотиррасон мешавем, ки ширкати "Билайн" дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон фаъолият мекунад.
Ин ширкат дар умум ба 754 миллион нафар хизмат мерасонад.