ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тасмими Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ "Дар бораи таъйиди наҳваи ихтисос ва истифодаи шумораӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба боло рафтани арзиши истифода аз алоқаи мобилӣ мунҷар шудааст, хабар медиҳанд сомонаҳои ширкатҳои Tcell, Babilon-m, Beeline ва Мегафон.
Болоравии ҳаққи истифодаи телефони мобилӣ ба дунболи афзоиши арзиши шумораи он аз 1 июли соли 2015 сурат гирифтааст. Куллияи ширкатҳои мобилӣ арзиши истифода дар як моҳро 80 дирам бо дарназардошти арзиши андози изофӣ ва андози аксизӣ боло бурдаанд.
Ин тасмим аз сӯйи раиси Идораи алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров имзо шуда ҳанӯз 10 феврал бо Идораи зиддиинҳисоротӣ тавофуқ карда шудааст, вале ширкатҳои фароҳамкунандаи алоқаи мобилӣ аз он танҳо дар авоили моҳи июн огаҳ шудаанд.
"Арзиши истфода аз зарфияти шумораӣ аз сӯйи Идораи алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтаанд", — зикр шудааст дар сомонаи Beeline Тоҷикистон.
Болоравии ҳаққи истифода на танҳо ба шумораҳои мобилӣ рабт дорад, балки ба алоқаи NGN, телефонҳои маъмулӣ ва анвои дигари иртибототи электронӣ тахассус ёфтааст.
Ширкатҳо дар ахбори худ қиммати зарфиятҳои шумораиро зикр накардаанд, вале қаблан хабар дода шуда буд, ки ба ширкатҳои мобилӣ ва алоқаи NGN арзиши зарфияти шумораӣ 17 маротиба афзоиш дода шудааст.
Дар гузашта барои як бастаи шумораҳо ширкат дар се моҳ як маротиба 500 сомонӣ пардохт мекард, феълан таруфа барои ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ, ки алоқаи NGN ироъа мекунанд, 8500 сомонӣ муқаррар шуда барои ширкатҳои мобилӣ ин арзиш боз ҳам гаронтар — 18500 сомонӣ таъйин шудааст.
Идораи алоқаи чунин тасмими худро шарҳ намедиҳад.
Зарфияти шумораӣ аз сӯйи танзимгари алоқаи кишвар ироъа мешавад. Ба онҳо шумораи аввали баъд аз коди ширкат дар шумораи муштарӣ шомил аст. Ҳар як бастаи ҷадиди шумораӣ аз сӯйи ширкат аз Идораи алоқаи Тоҷикистон харидорӣ шуда, ширкат ҳар се моҳ барои он маблағи муъайяне пардохт мекунад.