ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати мобилии "Вавилон-М" мегӯяд, ин ширкат ба ҳукми Додгоҳи олии иқтисодӣ, ки баҳси онҳо бо Кумитаи андозро ба фоидаи ин идораи давлатӣ ҳал кардааст, розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ муроҷиат хоҳад бурд, менависад "Радиои Озодӣ".
"Ширкати "Вавилон" дар соли 2013 бештар аз 330 миллион сомонӣ даромад дошт. Аз ин 125 миллионашро андозҳо, маоши кормандон ва хароҷотҳои дигар ташкил мекунанд. Кумитаи андоз моро 341 миллион сомонӣ аз андоз қарздор кардааст. Ман ҳайронам, ки аз куҷо 341 миллион андозро ба мо часпонданд, дар ҳоле ки даромади умумии ширкат ҳамин қадар нест. Ба назари мо, Кумитаи андоз зархариди ширкатҳои дигари мобилии хориҷӣ ҳаст, ки мехоҳанд моро аз бозор ронанд. Дар ин сурат 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар ширкати мо кор мекунанд, бекор мемонанд", — афзудааст Файзуллоев.
Раиси ин ширкат дар идома гуфтааст, 25 дарсади саҳмияҳои "Вавилон М" ба ширкати "Вавилон Т" тааллуқ дорад. Моликони ширкати "Вавилон Т" ҳамагӣ шаҳрвадони Тоҷикистон ҳастанд.
Аз ин пеш, Нусратуллоҳ Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буд, ки «Вавилон-М» аз давлат 341 миллион сомонӣ қарздор аст ва бояд ин пулро қисм-қисм пардохт кунад.
Баҳси ин ду ниҳод аз чанд моҳ ба ин тараф идома дорад ва "Вавилон-М" қарори Кумитаи андоз, ки қарзу ҷаримаҳои ин ширкатро 344 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб карда буд, қабул накард ва ба додгоҳ муроҷиат бурд. Вале додгоҳ баҳсро ба фоидаи Кумита ҳал кардааст.
Кумитаи андози Тоҷикистон бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ чунин баҳсҳои чандмиллиондолларӣ дошт, вале ахиран Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси онҳоро ба фоидаи ширкатҳои мобилӣ ҳал кард. Кумитаи андоз танҳо "Мегафон"-ро 94 миллион сомонӣ ҷарима баста буд.
Ширкати "Вавилон-М" яке аз чор ширкати бузурги мобилии Тоҷикистон буда, беш аз 3 миллион муштарӣ дорад. Аз дигар ширкатҳои бузурги фаъол дар бозори мобилии Тоҷикистон — "Билайн" ва "Мегафон" — ҷузве аз ширкатҳои мобилии Русияанд. Қисме аз саҳмияҳои Тселл ба бунёди Оғохон ва бахши аъзами сармояҳояш ба ширкати мухобиротии "Telia Sonera"-и Шветсия тааллуқ дорад.