ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Номи прездиенти "нав"-и Туркманистон маълум шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба КМИ-и ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти комиссия қариб ҳамаи интихобкунандагон овози худро ба ҷонибдории президенти кунунии Туркманистон-Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов додаанд.
Бо ба даст овардани 97,69%-и овозҳо Гурбонгулӣ бори сеюм президенти Туркманистон интихоб шуд.
Комиссияи марказӣ хабар медиҳад, ки шумораи ниҳоии овоздиҳандагон 97,27 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки шумораи иштирокчиёни интихобот мувофиқи сарқонун ба эътибор доштани интихобот ягон таъсире намегузорад.
Мувофиқи сарқонуни Туркманистон новобаста аз шумораи иштирокчиён интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад.