Раҳмон ба Трамп: Тоҷикистон омодаи ҳамкориҳо бо Амрико аст

Обуна шудан
25 сол пеш аз ин дар чунин рӯзе Тоҷикистон ва ИМА бо якдигар равобити сиёсӣ барқарор карда буданд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бино бар гузориши Дафтари матбуотии Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп солгарди ин рухдоди муҳим дар равобити ду кишварро дар номаҳое ба якдигар табрик гуфтанд.

Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Сиёсат- чизи аҷиб аст” : Трамп мегӯяд, вай ба Обама маъқул аст

Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи худ ин муносибатро ба Доналд Трамп табрик гуфта ва Амрикоро шарики муҳими Тоҷикистон хондааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон равобити ду кишварро дар заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ, инсониву иҷтимоӣ ва амниятиву низомӣ ризоятбахш арзёбӣ карда, омодагии Тоҷикистонро барои густариши равобит эълом кардааст.

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп низ дар номааш ин солгардро бар ҳамтои тоҷики худ табрик гуфта ва умедворӣ кардааст, ки кишварҳояшон ҳамкориҳои дуҷонибаро идома хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0