“Сиёсат- чизи аҷиб аст” : Трамп мегӯяд, вай ба Обама маъқул аст

© Sputnik / Кевин Даунс / Гузариш ба медиабонкДоналд Трамп, акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, вай ба собиқ роҳбари ИМА Борак Обама маъқул аст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.Президенти ИМА Доналд Трамп қайд кардааст, ки вай ба собиқ роҳбари кишвар Борак Обама маъқул аст. Дар навбати худ ӯ (Трамп- идора) низ, ба Обама муносибати нек доштааст,  хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Fox News.

Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Причёскаи Трамп сабаб шуд, ки вайро ба кӯршапарак монанд кунанд

"Муносибати ман бо вай хуб аст. Намедонам Обама инро эътироф мекунад ё не, лекин ман ба вай писанд омадаам",- гуфтааст Трамп дар сӯҳбат бо телевизион. "Вай ба ман маъқул аст, зеро ман инро ҳис мекунам",- илова намудааст президент.

Илова бар ин, Трамп иқрор мешавад, ки пештар ҳарду дар бораи якдигар суханҳои қабеҳи зиёд гуфа буданд. "Сиёсат- чизи аҷиб аст",- илова мекунад Трамп.

Дар навбати худ, Обама низ гуфта буд, ки пас аз маъракаи интихоботӣ аз сӯҳбат бо Доналд Трамп ҳаловат бурдааст.

Лентаи хабарҳо
0