Таъмини амният: аз супоришҳои Эмомалӣ то вохӯрии КҲФ бо созмонҳои хориҷӣ

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкБарф дар роҳҳо. Акс аз бойгонӣ
Барф дар роҳҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ супориш дод, то ҳамагуна имкониятҳо барои бартараф кардани оқибатҳои табиӣ истифода бурда, амнияти шаҳрвандонро таъмин намоянд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва раиси шаҳри Душанбе оиди бартараф сохтани оқибатҳои табиӣ супоришҳо дод.

"Сарвари давлат  вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд",-менависад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

© Фото : Хадамоти матбуоти президенти ҶТВохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбаони сохторҳои қудратӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ

Дар ҳамин росто дирӯз роҳбарияти КҲФ бо ташкилотҳои хориҷӣ вохӯрӣ карда, кӯмак ба зарардидагонро шиори ҳар корманди КҲФ гуфт.

Роҳбари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода  зимни вохӯрӣ бо намояндаи доимии барномаи рушди СММ ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта вокуниши саривақтӣ ва кӯмаки ташкилотҳои хориҷӣ ба Тоҷикистонро муҳокима кард.

Барф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз бориши барф то 3-феврал ҳушдор медиҳад

ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад, ки  дар минтақаи Майхураи шоҳроҳи "Хуҷанд-Душанбе" боз баста шудааст ва аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки аз сафар ба вилояти Суғд худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки маҳз дар ҳамин минтақаи роҳ  корманди ВКД-и ҶТ милисаи ҷавон Саюмарс Гулмадов дар пайи кӯмак ба мардум ва берун кашидани одамон аз таги барф худ ҳалок шуд. Гуфта мешавад, ки Саюмарс Гулмадов тоза ба фаоъолият пайваста, акнун 9 моҳ мешавад, ки дар ВКД кор мекард.

Ҳамчунин қаблан яке аз сокинони ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт, ки шоҳроҳи Рӯшон, ки ин минтақаро ба дигар деҳаҳои назди он мепайвандад, низ баста шуда, аллакай ду рӯз мешавад, ки ӯ фарзандонашро надидааст.

Зиёда аз ин роҳи "Душанбе-Хуҷанд" рӯзҳои истироҳат шоҳиди тармафароиҳои зиёд шуд ва то имрӯз расман аз ҳалокати 5 нафар дар ин минтақа хабар расидааст.

31 январ мақомот хабар доданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд дар рӯзҳои тоқ ва баръакс дар рӯзҳои ҷуфт сурат мегирад.

КҲФ дар бораи яхбандӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе — Ҷиргатол, Душанбе-Рашт, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хабар медиҳад.

Ҳамчунни кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад  то дар рӯзҳои наздик аз сафар тавассути роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0