ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Сардиҳо ва боришоти барф дар Тоҷикистон то санаи 3-юми феврал идома мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ.
"Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми январ то 3-уми феврали соли 2017 боришот идома ёфта, дар маҳалҳои куҳӣ боридани барфи тар интизор меравад",-омадааст дар иттилоия.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе — Ҷиргатол, Душанбе-Рашт, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб роҳҳо ях мебанданд, ҷо-ҷо ғарамҳои барф ҳаракатро ба мушкил рӯ ба рӯ месозад.
Ҳамчунин хатар афзуда, хавфи лағзиши барфу тарма вуҷуд дорад.
Дар ҳамин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҶТ бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳо ба минтақаҳои тармахез худдорӣ карда, хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд.