Қиссаҳои муҳоҷир аз велосипеди дуздида, то "бачаҳои крутой"-и пулталаб

Обуна шудан
Абдушукур Раҳимов – сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор ду сол мешавад, ки ба Ватан бар нагаштааст ва оилаи худро хабар нагиритфааст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Абдушукур Раҳимов зиёда аз як сол пеш ба шаҳри Тсхинвали Осетини Ҷанубӣ ба хотири дарёфти кор омадааст.

Sputnik дар бораи як тан муҳоҷир ва мушкилиҳои вай нақл мекунад.

Ӯ дар хонаашон дар ноҳияи Фархор зану се фарзандашро гузошта, рӯ ба муҳоҷират овардааст. Абдушукур пештар дар Тоҷикистон дар фурудгоҳ ба ҳайси аробакаш кор мекардааст. Вай саравал бо бародараш Билол ба Русия меояд, баъдан ба Осетини Ҷанубӣ меравад.

Ҳар рӯз, саҳароии барвақт Абдушукури 30-сола бо дӯсташ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Тсхинвалс "хоҷаи" худро интизор мешавад, ки бо мошинаш омада вайро ба хонааш мебарад ва ӯ дар он ҷо то бегоҳ бо таъмир машғул мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатиро дар ин шаҳр қариб ҳар рӯз ёфтан мумкин аст, ки дар кӯчаи Масковский-Комсомолский бозори меҳнатии худро ташкил кардаанд ва интизори кордиҳандагон меистанд.

Игор Баринов роҳбари Оҷонсии федеролӣ оид ба масъалаҳои миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои танҳо намондани муҳоҷирон дар Русия, қонун қабул мешавад

Ҳаёти муҳоҷирон дар Осетини Ҷанубӣ осон нест- хонаи иҷора, ки умуман шароити зист надорад, кори ҷисмонии вазнин, ҳотто ба боло ин на ҳама вақт ҳаққи маошашонро гирифта наметавонанд. Раҳмов низ, бо ду нафар ҳамватанонаш яке аз хонаи бинои истиқоматии бисёрошёногиро иҷора мегирад ва ҳар моҳ 15 ҳазор месупорад. Хона оби гарм надорад ва дар ҳолати таъмирталаб қарор дорад.

"Велосипедамро тобистон дуздиданд, пештар худам то ҷойи кор мерафтам",- гуфт Абдушукур ҳангоми интизорӣ ба мошин.

Ӯ хоҳиши бо рӯзноманигорон сӯҳбат кардан надорад. Нигоҳи нобоварона, ҷавобҳои кӯтоҳу паст аз он шаҳодат медимҳад, ки муҳоҷир намехоҳад ба худ диққати полис ва "бачаҳои крутой"-и маҳаллиро ҷалб кунад, ки ба гуфтаи худаш, метавонанд бе сабаб ба тоҷикон "часпида" пул талаб кунанд. Лекин ба ҳами ин нигоҳ накарда ба вай ин минтақа маъқул аст.

Мегӯяд, ки ин ҷо ҳамавақт кор ҳаст, агар кордиҳандагон пули ваъдагшиашонро диҳанд, боз ҳам хуб мешавад.

"Билол дар Растов монд. Дар он ҷо вай дар сохтмон кор мекунанд. Ман қариб якуним сол пеш омадам. Бо дӯстонам дар сохтмони як боғча кор мекардам ва хишт мегузоштам. Корфармоён барои таъмири хонаҳо даъват мекунанд, кори вазнин аст, аммо дар хона интизоранд, ки кай ман пул равон мекунам",- нақл мекунад муҳоҷир.

Баъзан кордиҳандагон ҳаққи коргаронро намедиҳанд. Ин хел вақтҳо Абдушукур ба ҳама гуна кор тайёр аст, то сари вақт ба хонаашон пул равон кунад. Вай мехоҳад пул ҷамъ карда, дар Фархор ферма ташкил кунад.

"Баъзан, як моҳ маош намедиҳанд. Баъзан, қисман маош мегирем. Шуда буд, ки умуман пулҳоямонро надода буданд. Ваъда медиҳанд- пагоҳ, рӯзи дигар…, вале. Агар ягон шиноси маҳаллӣ пайдо кунем ба воситаи вай як бало карда пулҳоямонро мегирем",- мегӯяд вай.

Ғайр аз ин муҳоҷир шикоят мекунад, ки Тсхинвали ҳамом надорад.

"Дар хонае, ки мо зиндагӣ мекунем, зимистон оббозӣ карда намешавад. Ҳаммом дар берун аст ва гарм намешавад. Барои ҳамин зимистон ҷои оббозӣ надорем, дар шаҳр бошад ҳаммом нест",- мегӯяд Абдушукур.

"Баъди як сол қайдамро дароз мекунам. Тобистон ба хона намеравам, зеро кор бисёр мешавад. Шояд зимистони оянда рафта, оилаамро хабар гирифта, боз бар гардам",- нақл мекунад вай.

Аз соли 2008 сар карда ба Осетини Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷи, ӯзбек, озарӣ ва арманӣ барои кор мераванд.
Аз хадамоти муҳоҷиратӣ ба Sputnik хабар доданд, ки аз аввали сол ба ин минтақаъ 200 муҳоҷир сафар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0