ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Субҳи имрӯз тақрибан соатҳои 09:37 дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Исфара заминҷунбии шадид ҳис карад шуд. Табқи иттилои манбаъ тақрибан соатҳои 09:37 дар шаҳр заминҷунбӣ ба амал омадааст.
"Замин сахт ҷунбид",- менависад дар саҳифаи Facebook Марҳабои Мусодухт.
Ғайр аз ин сомонаи Earthquake Track хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Афғонистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои сомона заминларзаи шаҳри Исфара 4,7 баллро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, шаби гузашта дар шаҳри Фархори АФғонистон ин офати табиӣ бо дараҷаи 4,4 балл мауайян гардид.
Тибқи иттлои Sputnik Қирғизистон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон — Боткент низ сокинон заминҷунбиро ҳис карданд.
Дигар манбаъҳо хабар доданд, ки дар шаҳрҳои атрофи Исфара аз ҷумла Конибодом ва Хуҷанд заминларза ҳис карда нашудааст.
Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки шаби 2-уми феврал дар ду шаҳри Ӯзбакситон — Ҷиззах ва Самарқанд низ заминларза ба амал омад.
Тибқи ахбори Sputnik Ӯзбакистон дараҷаи заминларза дар кишвар 2 балл дараҷаи рихтериро ташкил кардааст.