ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар минтақаи паси Олойи сарҳади Тоҷикистону Қирғизbстон рӯзи якшанбе заинҷунбӣ ба амад омад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти МЧС.
Ларзиши замин рӯзи якшанбе аз ҷониби Донишкадаи сейсмологии ҶҚ ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминҷунбӣ дар масофаи 40 километрии ҷониби ҷанубу-шарқии маҳаллаи Нур воқtъ шуда буд. Дар нуқтаҳои аҳолинишин қувваи заминларза ба 2,5 балл баробар шуд. Дар натиҷаи занимҷунбӣ касе осеб надидааст.
Қаблан рӯзи 5 октябри соли равон дар ҳамин минтақа заминҷунбӣ бо қувваи 3 балл ба амал омад.