Русия ба таҳримҳои ИМА ҷавоб дод

Обуна шудан
ИМА нисбати як қатор шахсони инфиродии ФР таҳримҳои нав ҷорӣ намуд ва аз кишвар намояндагони дипломатии Русияро берун мекунад, ки онҳо бо мушкилии харидани чипта рӯ ба рӯ шуданд. Аммо Русия аллакай нисбати ИМА амалҳои ҷавобии худро омода намудааст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия дар ҷавоб ба таҳримҳои нави ИМА мактаби англисӣ-амрикоии ИМА-ро дар Маскав маҳкам кард, хабар медиҳад CNN.

Чуноне ки ширкати телевизионӣ хабар дод, дар мактаб фарзандони кормандони сафорати ИМА ва Британияи Кабир  таҳсил мекунанд.

Намояндаи Амрико ба телевизиони CNN хабар додааст, ки ҳамчунин хонаи истироҳатии кормандони дипломатии Амрико маҳкам карда мешавад.

Пештар маълум  гардид, ки Вашингтон аз кишвар 35 дипломатҳои Русияро пеш мекунад ва 72 соат мӯҳлат медиҳад, ки онҳо аз кишвар берун шаванд. Ғайр аз ин нисбати шахсони инфиродӣ аз ФР дар ИМА таҳримҳои нав ҷорӣ карда шудааст. Президенти ҳозираи ИМА Борак Обама дипломатҳои русро  дар "дахолат дар интихобот" гунаҳкор медонанд.

Бинои Департаменти давлатии ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳримҳои ИМА алайҳи ФР: иттиҳомоти нав, усулҳои кӯҳна

Аммо дар ин гуноҳ ҳукумати Вашингтон нисбати Маскав ягон далел оварда натавонистааст.

Кремл бо айбдоркуниҳои беасоси Қасри сафед тамоман розӣ нест ва ва ваъда дод, ки нисбати санксияҳои ҷоринамудаи  ИМА ҷавоб хоҳад дод.

Бархе аз васоити ахбори Русия қайд мекунанд, ки дипломатҳо дар ин муддати муайяннамудаи ҳукумати ИМА аз кишвар берун шуда наметавонанд, зеро  чиптаҳо дар омад омади Соли нав  фурухта шудаанд.

Чуноне ки котиби матбуоти президенти ФР Дмитримй Песков қайд намуд, таҳримҳои зиддирусиягии Амрико — ин бадхоҳии пешгӯинашавандаи ИМА мебошад, ки барои муносибатҳои дуҷонибаим байналмиллалии ду кишвар халал мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0