ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. ИМА ҳамоно тасмимашро дар мавриди тамдиди таҳримоти иқтисоди алайҳи Русия аз имкон дур намедонад ва сабаби инро дар иҷро нашудани бархе аз бандҳои созишнома дар мавриди нобудсозии мушакҳои кӯтоҳпарвоз ва миёнапарвоз аз ҷониби Кремл унвон мекунад, иброз дошт муовини котиби Департаменти давлатӣ Роуз Гетемюллер.
"Мо баррасии масъалаи марбут ба таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Русияро идома медиҳем, аммо то ҳанӯз тасмими ниҳоиро нагирифтаем",- гуфт Гетемюллер аснои музокираи парлумонӣ дар палатаи намояндагони ИМА.
Ин бону қайд кард, ки қаблан Амрико дар қиболи Русия муштаракан бо ИА таҳримоти иқтисодиро дар иртибот ба ҳаводиси Украина роҳандозӣ карда буд. Ба қавли ӯ, ин санксияҳо "хеле муассир" буданд.
Пештар ҳам намояндагони расмӣ ва ашхоси алоҳидаи ИМА дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримоти ҷадид алайҳи Русия ҳарф зада буданд, аммо қарори мушаххасе ба имзо нарасид.
Созишнома дар бораи ММД (мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз)-ро ИМА ва СССР (ИҶШС) ҳанӯз соли 1988 ба тасвиб расонида буданд. Ҷонибҳо мутобиқ бо банҳои ин тавофуқот муваззаф шуданд, ки мушакҳои миёнапарвоз (1 ҳазор то 5 ҳазор километр)-и худ ва иншооту таҷҳизоти ёрирасонро комилан нобуд месозанд. Соли 1991 иҷрои банҳои созишнома ба охир расида, то соли 2001 назорату санҷиши тарафайн идома доштю Аммо кишварҳои дигар аз қабили давлатҳои Аврупо ҳанӯз чунин навъи силоҳҳоро дар ихтиёр доранд.