Мувофиқи хабари расонаҳо дар вохӯрӣ бо сафир вакилони Афғонистон дар бораи муносибатҳои Маскав ва "Толибон" изҳори нигаронӣ карданд.
Коршиноси минтақаи Осиёи Марказӣ Захватов боварӣ дорад, ки ин тарс аз ҷониби ҳукумати расмии Афғонистон на танҳо аз "Толибон" аст, балки аз фишорест, ки гурӯҳи ҳарбии ИМА ба пешвоёни Афғонистон мекунад.
Аввалин маълумоти ғайрирасмӣ дар бориа гуфтушунидҳои намояндагони Русия бо роҳбарони ҳаракати "Толибон" дар расонаҳо охирҳои соли 2015 пайдо гардид, ки ба зуддӣ ҳукумати расмии Кобулро нигарон кард. Зеро барои онҳо "Толибон" на танҳо мухолифони сиёсӣ, балки душманони асосӣ мебошанд.
Изтироби ҳукумати Афғонистон, ки қариб 70% кишварро идора мекунад, фаҳмост. Шумораи толибони мусаллаҳ танҳо дар музофотҳои шимолии Афғонистон мувофиқи маълумотҳои гуногун дар охирҳои соли 2015 аз 4 то 8 ҳазорро ташкил мекард, ки он соли 2016 боз зиёдтар шудааст.
Агар "Толибон" ба сари ҳукумат ояд, қисми зиёди элитаи ҳозираи Афғонистон танҳо як роҳ доранд- муҳоҷирати якумара, ки кафолат бар зидди ин сафари номатлуб, танҳо ҳузури ҳарбии ИМА дар Афғонистон мебошад.
Як қатор коршиносон робитаи Руссия бо "Толибон"-ро нишонаи нақшаҳои Кремл — сар кардани амалиётҳои низомӣ дар соли 2016 бо ҷангиёни аз Сурия ва Афғонистон баромадаи ДИИШ мешуморанд.
Аммо соли 2016 ба охир расида истода бошад ҳам, аз ҷониби Русия ягон ҳаракати ташкил намудани чунин ширкат ба амал наомадааст, ҳатто пас аз оне, ки "Толибон" дар Афғонистон амалиёти калонтаринро дар тайи солҳои охир ба анрҷом расониданд.
Дар Кремл дер боз дар бораи ақидаҳои солҳои 90-ум гап намеравад, ки мувофиқи он толибон мехоҳанд ба Тоҷикистон ворид шаванд ва ҳатто то Самара раснад.
Баръакси ҷонибдорони Хилифат, роҳбарияти "Толибон" якчанд маротиба иброз доштааст, ки онҳо мақсади ба Афғонистон ҳамроҳ кардани ҳудудҳои кишварҳои ҳамсояро надоранд- онҳо ба хубӣ мефаҳманд, ки сокинони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ онҳоро интизор нестанд ва Толибонро дастгирӣ намекунанд.
Танҳо гурӯҳи хурди ҷангиён метавонанд дар пайи ин моҷаро раванд ва хостори ба даст овардани қисми аввалини соҳили Панҷ ва Амударё шаванд. Барои ҳамин Русия дар соли 2016 танҳо дар Афғонистон ба омӯзишҳои ҳарбӣ машғул шуду халос.
Ба ҳар ҳол, ба назар намерасад, ки ин мухолифатҳо дар Афғонистон ба итмом мерасад. Сарфи назар аз бартарияти шумораи ҳарбиёни ҳукумат аз Толибон, 320 ҳазор ҳарбиён ва кормандони амнияти Афғонистон бо дастгирии ҳарбиёни ИМА ва иттифоқчиёни онҳо аз НАТО наметавонанд бо Толибон мубориза баранд.
Охирҳои моҳи сентябри соли 2015 Толибон якчанд рӯз яке аз шаҳрҳои калонтарини Афғонистон- Қундузро ба даст гирифтанд, соли 2016 бошад маҳз дар ҳамин вақт мувофиқи реҷа моҳи октябр ба шаҳр ворид шуданд.
Вазъияти нигаҳ доштани қудрат аз ҷониби ҳукуамати расмии Кобул ба вазъияти Башор Асад монанд нест, ки ӯ барои кӯмаки ҳарбӣ ба Русия расман муроҷиат кардааст. Агар нуфузи Толибон дар Афғонистон то рафт зиёд шудан гирад, ИМА метавонад дарҳол қувваи ҳарбии худро дар кишвар зиёдтар кунад.
Аммо аҳволи Афғонистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Чуноне ки оҷонсии иттилоотии Афғонистон Pajhwok Afghan News хабар медиҳад, танҳо дар моҳи октябр дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ва ҳуҷумҳои ҳавоӣ дар кишвар зиёда аз 3285 шаҳрвандони оддӣ фавт карданд ва захмӣ гаштанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2015 — 35% зиёдтар аст.
Дар соли 2016 аз Афғонистон қариб аз 20 то 40 ҳазор нафар мутахассиси маълумотнок ба кишварҳои дигар барои ҳамешагӣ кӯч бастаанд.
Президзенти ИМА Барак Обама дар пойгоҳи ҳарбии Макдил дар дар иёлоти Флорида иброз дошт, ки Амрико натавонист дар Афғонистон сулҳ муваффақ шавад: "ИМА натавонист, ки Толибонро безарар гардонад ва ё ба зуроварӣ дар ин митақаъ анҷом бахшад",- овардаанд аз суханони президент бисёре аз васоити ахбори умуми ҷаҳонӣ.
Эҳтимол, маҳз барои ҳамин собиқ президенити Афғонистон Ҳомид Карзай санаи 18-уми декабр дар вохӯрӣ бо сафири Русия Александр Мантитский иброз доштааст, ки барои барқарор намудани тамос бо Толибон ба Кобул кӯмаки Русия лозим аст.
Аммо интизор меравад дар ҳоле, ки дар Афғонистон ҳарбиёни ИМА мавҷуданд, ҳукумати Афғонистон наметавонад расман ба Русия муроҷиат кунад.
Ғайр аз ин дар Русия ҳанӯз аз иштироки ҳарбиёни Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ёд доранд.
Аммо ягон ҷойи шубҳа нест, ки Русия метавонад гуфтаҳои ғайрирасмии Ҳомид Карзай — иштирок кардан дар гуфтушунид бо Толибонро ба манфиати худ ба хубӣ истифода барад.
Чуноне ки ба наздикӣ коршиноси минтақаи Осиёи Миёна Дубнов як масали машҳури афғониро ба ёд овард- "афғонҳоро харида намешавад, аммо киро карда мешавад".
Агар Русия бо Толибон расман ба гуфтугӯ барояд, чунин шуморидан мумкин аст, ки Кобул русҳоро барои ҳалли масъалаи Толибон "киро кардааст", зеро ин мушкилиро наметавонад худ ҳал кунад.
Дар раванди сулҳ дар Афғонистон иштирок кардан, баргардонидар мавқеи барбодрафта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва то ҳадди имкон дар Афғонистон кам кардани ҷангиёни ДИИШ бо қуваи худи Толибон, ки муносибати онҳо бо диишиён дӯхӯра аст — тамоми ин амалҳоро Русия метавонад ба анҷом расонад.
Аз мадди назар дур нест, ки роҳбарияти навини ИМА натиҷаҳои ҳузури ҳарбии кишварашроро дар Афғонистон мушоҳида намуда, шояд бо пешниҳодҳои деректори Маркази тадқиқотии Афғониятон Қосимшо Искандаров розӣ шавад:
"Пешвоёни ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки дар моҷарои Афғонистон бевосита ва ё бавосита муносибат дорад, бояд ба як хулоса оянд, ки вазъият наметавонад ин тавр давом ёбад. Бояд ин вазъиятро дарк намуд ва барои раванди гуфтушунид аз тамоми қувваҳо истифода бурд. Шарти асосии муваффақияти раванди гуфтушунид — ин ба анҷом расонидани бозиҳои дуҷониба мебошад. Дар гуфтушунид барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ бояд ҳуқуқ ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои этникии Афғонистонро ба назар гирифт".