ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Суди ноҳиявии шаҳри Душанбе шаҳрванди кишварро, ки ҳамчун аъзои "Толибон" дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок менамуд, ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд, хабар медиҳад намояндаи хадамоти матбуоти Суди Олӣ.
"Бегиҷон Назарови бистуҳаштсола барои "иштирок дар амалиётҳои ташкилотҳои ҷиноятӣ ва амалиётҳои ҷангии кишварҳои бегона " гунаҳкор дониста мешавад",- мегӯяд ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.
Мувофиқи маълумотҳои тафтишот, маҳкумшкда аъзои фаъоли гурӯҳи "Толибон" мебошад, ки дар таркиби онҳо дар амалиётҳои ҷангии Афғонистон иштирок намудааст. Ба кишвари ҳамсоя ҷинояткор ба воситаи Русия, ки дар он ҷо фаъолияти меҳнатӣ дошт, пайвастааст.
Мувофиқи маълумотҳои тафтишотӣ Назаров дар охирҳои соли 2011 аз шаҳри Казан ба ноҳияи Ҷурми музофоти Бадахшони Афғонистон меравад ва дар он ҷо бо намояндаи "Толибон" Қорӣ Маҳфуз во мехӯрад ва ба воситаи вай ба гурӯҳи "Толибон" ҳамроҳ мешавад ва яроқ мегирад.
Тобистони ҳамон сол Назаров дар деҳаи Хуршии музофоти Бадахшони Афғонистон аз тарафи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон боздошт мешавад ва баъдан ба Тоҷикистон истирдод мегардад. Музофоти Бадахшони Афғонистон, ки бо Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ҳамсаоҳад мебошад, вақтҳои охир макони бархӯрҳдҳои шадиди "Толибон" ва қувваҳои амнияти Афғонистон гардидааст. Назаров дар ҳабсхонаҳои низомаш шадид ҳукми хешро сипарӣ хоҳад кард.
Вазъият дар Афғонистон вақтҳои охир куллан мушкил гардиидааст.Ҳаракати "Толибон", ки пештар дар деҳаҳои кишвар дастболо гардида буд, акнун минтақаҳои калонтрро аз худ кардааст. Ҳамчунин дар минтақа нуфузи гурӯҳи " Давлати исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд мегардад.