Сергей Лебедев: Ғарб бояд аз Узбакистон сабақ гирад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСергей Лебедев, Акс аз бойгонӣ
Сергей Лебедев, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ Сергей Лебедев қайд кард, ки маъраки интихоботӣ дар Узбакистон дар фазои ором баргузор шуд ва кишварҳои Ғарб бояд аз ин сабақ гиранд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Баъзе кишварҳои хориҷ бояд аз Узбакистон тарзи ташкили маъракаи интихоботиро омӯзанд, гуфт раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ  Сергей Лебедев.

"Интихобот нисбат ба раъйпурсиҳои пешин аз ҷумла дар Узбакистон бо сатҳи баланди ташкилотӣ ва дар фазои нисбатан ором баргузор шуд",-изҳор дошт раиси комиссияи интихоботии ИДМ Сергей Лебедев ба РИА Новости.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КМИ: Ӯзбакистон ба интихобот тайёр аст

Ӯ қайд кард, ки "сол то сол сатҳи баргузории маъракаи интихоботӣ дар кишварҳои ИДМ беҳтар мешавад". Ба низоми интихоботӣ бо илова намудани элементҳои нав дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷумла дар Узбакистон "бо назардошти меъёрҳои демократии умумибашарӣ" наздик мешаванд.

"Зимни сӯҳбат бо назоратчиёни кишварҳои Ғарб ман борҳо шунидам, ки мегуфтанд,-Ғарб дар низоми ташкилоти интихоботӣ бояд аз Узбакистон сабақ гирад. Аз ҷумла мо ба фазои ороми баргузории интихобот диққат додем. Дар рафти интихобот ягон  хел нофаҳмиҳо ва ҷанҷол аз ҷониби мардум ба назар нарасид",-шарҳ дод раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Интихоботи президентӣ  дар Узбакистон рӯзи якшанбе баргузор гардид. Раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияи марказии интихоботӣ  бо иштироки зиёда аз 33%-и овоздиҳандагон баргузоршуда эътироф шуд.

Санаи 2-юми сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов вафот кард. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев мебошад.

Қаблан хабар дода шуд, ки ситоди Шавкат Мирзиёев ба пирӯзии ӯ бовар доранд. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ дар Узбакистон 5-уми декабр соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ маълум мешавад.

Лентаи хабарҳо
0