КМИ: Ӯзбакистон ба интихобот тайёр аст

© Фото : ЦИК Республики УзбекистанИнтихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон, акс аз бойгонӣ
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҶӮ 14 комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ва 9, 831 участкаҳо ташкил карда шуда, рӯйхати пурраи интихобкунандагон тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik.Кумитаи марказии интихоботӣ (КМИ) Ӯзбакистон эълон намуд, ки барои гузаронидани интихоботи президентӣ тайёр аст.

"Барномаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани интихобот имконият дод, ки ҳамаи равандҳои интихоботӣ дар сатҳи баланд омода шаванд ва барои амалӣ гардидани ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон тамоми шароитҳо муҳайё карда шавад",- менависад РИА Новости аз суханони котиби КМИ Ӯзбакистон Суярҷон Қурбонқулов.

Ба гуфтаи вай дар кишвар 14 комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ва 9, 831 участкаҳо, аз ҷумла 44-тои онҳо дар наздиҳукуматии ҷумҳуриявӣ ва 36-тои он давлатӣ мебошанд, ташкил дода шудааст. Аз ҷониби аъзоёни комиссияи интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагон  тартиб дода шудааст, ки ба он 21, 4 миллион шаҳрвандон дохил мешаванд.

Баландгӯяки рӯзноманигорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи президенти Узбакистонро 1300 журналист “таҳлил” мекунад

Рафти интихоботи презиендентии  Ӯзбакистонро қариб 600 назоратчиёни байналмиллалӣ назорат мебаранд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мешавад. Чор ҳизби расмии кишвар дар интихобот иштирок хоҳад кард. Бисёре аз коршиносон пешгӯи мекунанд, ки дар интихобот сарвазири кишвар- Шавкат Мирзиёев ғолиб меояд.

 

Лентаи хабарҳо
0