ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар қароргоҳи Шавкат Мирзиёев бовар доранд, ки ӯ на кам аз 80%-и овозҳоро ба даст меорад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Дар ҳоли ҳозир намояндагони Комиссияи марказии интихоботӣ шумораи овозҳои ҳар як номзадро ҳисоб мекунанд. Натиҷаи ниҳоӣ 5 декабри соли 2016 соати 16:00 маълум мешавад.
Дар баробари ин роҳбарони ҳайатҳои назоратии Чин, Белорус, Британия, намояндагони СҲШ, ИДМ, Ассотсиатсияи намояндагии интихоботии САҲА бо гузоришҳои худ баромад хоҳанд кард.
"На кам аз 80%. Табъи мо хуш аст, чунки мо бовар дорем. Дар ҳоли ҳозир мо бо рақам тасдиқ карда наметавонем, вале боварӣ дорем. Ҳоло назоратчиён аз дигар ноҳияҳо меоянд ва мо ҷамъ мешавем",-изҳор дошт муовини раиси ҳизби либерал демократ Мухлисахон Акрамова.
Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Узбакистон соати 20:00 баста шуданд. Аз рӯи ҳисобот дар кишварҳои хориҷ 87,9% (1,416млн) нафар дар интихоботи президентии Узбакистон иштирок кардаанд.