ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо президенти навинтхоби Амрико Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Зимни гуфтугӯ Трамп қайд намуд, ки ба рушди муносиботи Русия ва Амрико хушбин аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.
Ба фикри Назарбоев дар ҳоли ҳозир се соҳаи муҳим мавҷуд аст, ки ҳалли муштараки онҳо ба рушди муносиботи Русия ва ИМА таъсири мусбат хоҳад дошт. Сухан дар бораи мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, ҳалли бӯҳрони Украина ва таҳкими амнияти ҳастаӣ дар ҷаҳон меравад.
Роҳбари Қирғизистон қайд кард, ки терроризмро танҳо бо муттаҳидшавии давлатҳои абарқудрат метавон нобуд кард.
"Дирӯз ман бо президенти навинтихоби ИМА ҷаноби Доналд Трамп сӯҳбат карда гуфтам, агар роҳбарони давлатҳои абарқудрат ба ҳам биёянд, терроризм аз байн меравад",-шарҳ дод Назарбоев.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон борҳо таъкид кардааст, ки таҳдиди террористиро "танҳо бо муттаҳидшавии давлатҳо" метавон решакан кард.