Обама Русияро кишвари абарқудрат хонд

© AP / Evan VucciБарак Обама, акс аз бойгонӣ
Барак Обама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Борак Обама умед бастааст, ки пас аз курсии президентиро тарк карданаш, президенти минбаъдаи ИМА низ бо Русия ҳамкориҳои кишварро давом медиҳад, аммо дар ҳоле, ки назарҳои онҳо мухталиф меафтанд, вай истодагарӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар чорчӯбаи сафари худ ба Аврупо президенти ИМА Барак Обама Русияро кишвари абарқудрати ҳарбӣ номидааст.

"Аз рӯзи аввали президентиям нигоҳ ва муносибати ман нисбати Русия тағийр наёфтааст. Русия кишвари муҳим ба ҳисоб меравад, кишвари абарқудрати ҳарбӣ аст ва дар минтақаву тамоми ҷаҳон нуфузи худро дорад",- гуфтааст ӯ дар нишасти матбуотӣ дар Берлин.

"Мо мехоҳем, ки бо Русия ҳамкорӣ намоем",- менависад РИА Новости аз суханронии Обама.

Ӯ қайд намудааст, ки "ҳама ҷонибдори пешравии иқтисоди Русия ва муносибатҳои хуби ин давлат бо ҳамсоягонаш мебошанд".

Ҳамчунин Обама ибрози умедворӣ кардааст, ки президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп бо Русия муносибатҳои хуб барқарор мекунад, аммо бо баробари ин дар масъалаҳое, ки назари Маскав ва Вашингтон мухолифат мекунанд, истодагарӣ мекунад.

Меркел дар навбати худ қайд кард, ки Олмон низ дар ҳамкорӣ бо Русия манфиатдор мебошед. "Аммо ин он маъноро надорад, ки мо ихтилофоти хешро баҳс намекунем",- илова намуд конслер.

Лентаи хабарҳо
0