Бонки АвруОсиё дар барқарорсозии НБО Роғун маблағгузорӣ мекунад

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкОбанбори Норак
Обанбори Норак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло БРАО аз Тоҷикистон аризаи гирифтани маблағро барои барқарорсозии НБО Норак аз фонди Бонки АвруОсиё интизор аст, хабар медиҳад намояндаи БРАО

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.Бонки АвруОсиёи рушд тайёр аст, ки барои барқарор намудани НБО Норак барои Тоҷикистон маблағгузорӣ кунад.

НБО Норак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои азнавсозиии НБО Норак 700 млн доллар лозим аст

Банк тайёр аст, ки дар маблағгузории лоиҳаи навсозии НБО-и калонтарини кишвар якҷоя бо Бонки рушди Осиё ва Бонки умумиҷаҳонӣ иштирок кунад, гуфт намояндаи БРАО Дмитрий панкин дар конфронс дар Маскав.

"Ҳоло бо Тоҷикистон гуфтушунид карда истодаем ва тайёрем, ки лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ кунем. Ҳоло мо аз Тоҷикистон ариза гирифтани маблағро интизорем",- қайд намуд намояндаи раёсати БРАО.

Панкин аниқ накардааст, ки Бонки АвруОсиё барои бозсозии бонк чанд қадар маблағ ҷудо хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0