Барои азнавсозиии НБО Норак 700 млн доллар лозим аст

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкНБО Норак. Акс аз бойгонӣ
НБО Норак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нархи барқарор намудани ҳамаи нӯҳ адад таҷҳизоти гидравликии нерӯгоҳи барқи обии Норак 700 миллион доллар мебошад, қайд намуд иштирокчии конфронси лоиҳаи барқароркунии НБО Норак.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Барои бозсозӣ ва барқароркунии нерӯгоҳи Норак қариб 700 млн доллар лозим аст, гуфт иштирокчии конфронси лоиҳаи бозсозии НБО.

Дар конфронсе, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуда гузашт, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, муовини аввал Давлати Саид, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамроализода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонзода  ширкат варзиданд.

Ғайр аз ин намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёи рушд, Бонки сармоягузории Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Вазорати рушди байналмиллалии Бринанияи Кабир  масъалаҳои ҷалб намудани сармоягузориро муҳокима намуданд.

Азнавсозии НБО Норак дар ду давра сурат мегирад. Ба назар гирифта шудааст, ки 9 агрегат, шаш трансфарматори хурд,  корҳои таҳкими сарбандҳо ва обпартоҳо дигар карда шаванд.

НБО Норак — нерӯгоҳе мебошад, ки дар наздикии шаҳри Норак, дар дарёи Вахш ҷойгир шудааст.  Дар  нерӯгоҳ яке аз баландтарин сарбандҳои ҷаҳон бо баландии 300 метр сохта шудааст. Иқтидори он: 3000 МВт мебошад.  Барқистеҳсолкунии миёнаи солонааш: 10700 ГВтч(дар солҳои 2007-2013).

 Аз нӯҳ агрегатҳое, ки ҳоло дар НБО мавҷуд аст аввалинаш соли 1972 ва  охиронаш соли 1979 ба истифода дода шуда буд. Ҳаҷми аввалини обанбор: 10,5 км3.

Ноиби президенти БК  дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Маркази Сирил Мюллер эълон кард, ки Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои ҷалб намудани сармоягузориҳои лозима кӯмак хоҳад расонд.

Лентаи хабарҳо
0