Президенти Филиппин мегӯяд, ки ӯ ба Трамп монанд аст

© AP / Bullit MarquezПрезиденти Филиппин Родриго Дутерте. Акс аз бойгонӣ
Президенти Филиппин Родриго Дутерте. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Филиппин Родриго Дутерте мегӯяд, ки муҳаббат ба гапи дағал ӯро бо президенти навинтихоби ИМА Доналд Трамп монанд мекунад, хабар медиҳад CNN

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Родриго Дутерте президенти Филиппин изҳор дошт, ки муҳаббат ба гапи дағал ӯро ба президенти ИМА Доналд Трамп монанд мекунад.

"Ҳар дуи мо "хархаша" карданро дӯст медорем. Далели назарногир вале, мо бидуни таъхир ҷанҷол мекунем",-хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи CNN.

Шабакаи телевизионӣ ҳамчунин қайд менамояд, ки Дутерте дар барқияи шодбошии худ, нисбати қадами  оштӣ бо ИМА ишора мекунад.

Интихоботи президентӣ ждар ИМА. Клинтон ва Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибияти Трамп сокинони Алеппоро хурсанд кард

Қаблан президенти Филиппин изҳор дошт, ки барои давлати ӯ вақти "хайрухуш" кардан бо ИМА фаро расид. Вале баъдтар қайд кард, ки Филиппин наметавонад бо ИМА муносибатҳояшро канда кунад ва ба шаҳрвандони ин кишвар "лозим нест, ки бо сиёсати ИМА худро мутобиқ гардонанд".

Роҳбари Филиппин бо хислати ҷасуриаш машҳур аст. Ӯ аз гуфтани гапи қабеҳ нисбати роҳбарони ҷаҳонӣ шарм намедорад. Ҳамин тавр Дутерте қабл аз вохӯрии  G20, ки дар Чин баргузор гардид нисбати Обама, ки гуфтааст: "дар рафти вохӯрӣ бояд ҳодисаи марги 2 ҳазор нафарро, ки дар пайи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Филиппин баъди интихоби Дутерте ба ҳалокат расиданд баррасӣ кард", сухани қабеҳ гуфтааст.

Баъдтар ӯ котиби генералии СММ Пан Ги Мунро дар бастагӣ бо изҳороташ дар бораи ҳуқуқи инсон "аблаҳ" хонд.

Дар баробари ни ӯ нисбтаи Попи Рум ва сафири ИМА дар Манил низ суханони ношоям раво дидааст.

Лентаи хабарҳо
0