Ғолибияти Трамп сокинони Алеппоро хурсанд кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкИнтихоботи президентӣ ждар ИМА. Клинтон ва Трамп. Акс аз бойгонӣ
Интихоботи президентӣ ждар ИМА. Клинтон ва Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Клинтон ва собиқ сафири ИМА дар Димишқ Роберт Форд ташкилкунандагони асосии гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошанд, изҳор дошт аъзои Шӯрои халқӣ аз Алеппо Фарис Ал-Шиҳабӣ

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ҳамаи сокинони Алеппо мағлубияти Клинтонро дар интихоботи президентии ИМА бо шодӣ қабул карданд, изҳор дошт аъзои Шӯрои халқӣ аз Алеппо Фарес Ал-Шиҳабӣ зимни мусоҳиба бо Sputnik.

"Сокинони Алеппо аз мағлуб шудани Клинтон шод ҳастанд, бар хилофи он ки ин масъалаи дохилӣ (ИМА-шарҳ аз идора) аст. Моро масъалаи озод кардани шаҳр аз "Ҷабҳа-ан-Нусра" азият медиҳад",-гуфт сиёсатмадори суриягӣ.

Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Клинтон ғолибияти Трампро дар интихобот эътироф кард

Ба гуфти Ал-Шиҳабӣ маҳз Клинтон дар якҷоягӣ бо собиқ сафири ИМА дар Димишқ Роберт Форд дар Сурия гурӯҳҳои ҷиноятпеша ташкил кардаанд.

"Дар сурати ғолиб шудани Клинтон вазъият бад мешуд. Чунки дар сари қудрат нафаре мебуд, ки ташкилкунандаи "баҳори арабӣ" аст ва ин маънои онро медошт, ки вазъият бадтар мешуд. Дар ҳоли ҳозир мо амали ӯро  (Трамп) интизорем, зеро ғайр аз изҳороташ дигар дар бори ӯ чизеро намедонем",гуфт намояндаи Шӯрои халқӣ.

Намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА ғолиб омад. Номзад аз ҳизби демократ Халлари Клинтон тариқи сӯҳбати телефонӣ рақиби худро бо ғолибият табрик кард.

Лентаи хабарҳо
0