ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон шаҳрвандони худро аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар ҷумҳурӣ ҳушдор дод, хабар дода мешавад дар саҳифаи расмии сафорат.
"Сафорати ИМА дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби гурӯҳи террористон дар маконҳои ҷамъи мардум ва гузаргоҳҳои марзӣ маълуомт гирифтааст. Ин хабари охирин дар бораи ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон мебошад",-омадааст дар иттилоия.
Сафорат ба шаҳрвандони Амрикои муқими Тоҷикистон тавсия додааст, аз ҷамъияти бузурги одамон ва истифода аз нақлиёти умум то ҳадди мумкин дурӣ ҷӯянд ва ҳангоми сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар мавзеъҳои марз бо Афғонистон ҳангоми торикӣ, хусусан дар ҷойҳои серҷамъият хайма назананд ва дучархасаворӣ накунанд.
Қаблан сардори пулиси ноҳияҳои шимолии Афғонистон ба ВАО хабар дод, ки ҷангиёни гурӯҳи "Толибон" ба вилояти Қундуз ҳуҷум карда, мақсад доранд, ба террористони хориҷӣ барои ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон ва Узбакистон роҳ кушояд.