ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Аз 14-ум то 18-уми ноябр бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад сафорати Амрико дар кишвар.
"Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 14 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғо Хон, MBO Professional ва Маркази Таълимии "Мултикид"иштирок хоҳанд кард",- менависад манбаъ.
Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.
Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад, омадааст дар хабар.
Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое мебошад, ки пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи Иёлоти Муттаҳида, ҷалб менамояд.
Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.