Сафорати ИМА: Кормандони ВКД ва АНМН давраи омӯзиширо хатм карданд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкПарчами ИМА. Акс аз бойгонӣ
Парчами ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз соли 1992 инҷониб Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахшҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар ҷудо намудааст.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ёздаҳ корманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон давраи таълимии "Мубориза алайҳи терроризми дохилӣ ва трансмиллӣ"-ро хатм карданд, иттилоъ медиҳад Сафорати ИМА дар ҶТ.

"Ин давраи омӯзишӣ аз сӯи Барномаи ёрии зиддитеррористӣ ё Барномаи АТА ҳимояти молӣ шудааст",- меафзояд манбаъ.

Ба қавли масъулини сафорат, ин давраи таълимӣ сеюмин аз силсилаи иборат аз 4 давраи омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.  Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА роҳандозӣ гардид.

Марзбонони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки навбатии ИМА ба мақомоти қудратии Тоҷикистон. Ин дафъа $1 млн

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии ҳукумати Амрико дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тавассути барномаҳо барои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахшҳои тандурустию маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0