КМИ:Тоҷикистон ба интихоботи ИМА нозир равон накардаст

© REUTERS \ Carlos BarriaСокинони ИМА пеш аз интихобот
Сокинони ИМА пеш аз интихобот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди Комиссияи марказии интихоботи Далер Сафар ба Вашингтон дар чорчӯбаи барномаи “Ҷаҳони кушод” сафар кардааст, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти иштироки нозири Тоҷикистонро дар интихоботи ИМА рад кард.

"Корманди КМИВР Далер Сафар дар Вашингтон на ба сифати нозири байналмиллалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳозир шудааст, балки дар чорчӯбаи барномаи "Ҷаҳони кушод" сафар намудааст, ки то санаи 12-уми ноябр давом меёбад",- гуфтанд аз комиссия.

Интихобот дар Молдова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон рафти интихоботи президентии Молдоваро назорат мекунад

Ба гуфтаи онҳо мониторинги рафти овоздиҳӣ ба барномаи сафар дохил намешавад.

Барномаи "Ҷаҳони кушод" ягона баномаи байналмиллалиест, ки аз ҷониби конгресси Амрико маблағгузорӣ карда мешавад. Мақсади барнома шинос намудани иштирокчиён бо тарҷибаи гузаронидани интихобот ва рафти овоздиҳӣ дар ИМА мебошад. Барои ин иштирокчиёнро бо фаъолияти ҳукуматҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва федералии ИМА шинос мекунанд.

Пештар дар якчанд қатор  ВАО маълумот интишор гардид, ки мувофиқи он Тоҷикистон бори аввал ба ИМА аз ҳисоби сафоратхонаи ИМА дар кишвар, нозир равон мекунад.

Лентаи хабарҳо
0