Тоҷикистон рафти интихоботи президентии Молдоваро назорат мекунад

© Sputnik / Руслан Шалапуда / Гузариш ба медиабонкИнтихобот дар Молдова. Акс аз бойгонӣ
Интихобот дар Молдова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи президентии Молдова дар санаи 30уми октябр ба нақша гирифта шудааст. Аз Тоҷикистон интихоботи мазкурро узви комиссияи интихобот ва раъйпурсии ҶТ Юсуфбек Шодмонбеков назорат мекунад

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тоҷикистон ба интихоботи президентии Молдова  нозири худро равон мекунад, гуфт роҳбари  раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.

" Юсуфбек Шодмонбеков,  узви комиссияи интихобот ва раъйпурсии ҶТ дар ҳайъати ИДМ рафти интихоботи президентии Молдоваро назорат мекунад",- гуфт Додозода.

Интихоботи президентӣ дар Молдова ба санаи 30-уми октябр муайян карда шудааст. Ин аввалин интихоботи умумихалқии президентӣ аз соли 1996- ум мебошад. Соли 2000-ум интихоботи президентӣ дар парлумон дар асоси овоздиҳии аз панҷ се ҳиссаи вакилон баргузор гардид.

Аммо, санаи 4-уми март Суди конститутсионии Молдова тағиёроти конститутсионии ҷумҳуриро бекор кард, ки санаи 5-уми июли соли 2000-ум ворид гардида буд. Акнун интихобот чун пештара ба васитаи овоздиҳии умумихалқӣ баргузор мешавад. Комисияи маркази интихоботии Молдова расман 12 номзадҳоро ба вазифаи президентӣ тасдиқ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0