Далер Сафар дар интихоботи президентии ИМА нозирӣ мекунад

© REUTERS \ Carlos BarriaШаҳрвандони ИМА дар арафаи интихоботи президентӣ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳрвандони ИМА дар арафаи интихоботи президентӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати нозирони Тоҷикистонро дар интихоботи ИМА танҳо як нафар-Далер Сафар намояндагӣ мекунад. Ҳамаи хароҷоти сафарро сафорати ИМА дар Душанбе ба ӯҳда мегирад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон барои бори аввал ба ҳайси нозир ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намонядаи худро равон мекунад.

Чуноне Akipress хабар медиҳад, боадолатӣ ва шаффофияти ҷараёни интихоботро танҳо як намоянда аз Тоҷикистон назорат мекунад.

Намоишгоҳи 12-уми Салони лухтак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баъди Обама: Осиёи Марказӣ бояд аз Клинтон ва Трамп интизори чӣ бошад

"Далер Сафар аз Тоҷикистон якумин ва ягона намояндае мебошад, ки рафти баргузории интихоботро дар ИМА назорат мекунад. Ҳамаи хароҷоти сафарро сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон бар ӯҳда  мегирад",-омадааст дар хабар.

Интихоботи президентӣ дар ИМА пагоҳ, санаи 8-уми ноябри соли равон баргузор мегардад. Барои симмати президентӣ намояндаи ҳизби демократ, собиқ котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон ва миллиардер Доналд Трамп, ки аз ҷониби ҳизби ҷумҳурихоҳон пешбарӣ шудааст, мубориза мебаранд.

Натиҷаҳои пурсиши оммавӣ ғолибияти Клинтонро пешгӯӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0