Дар Бишкек иҷлосияи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оғоз ёфт

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкСарони ҳукуматҳои аъзои ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек
Сарони ҳукуматҳои аъзои ҳамкориҳои Шанхай дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар иҷлосия сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад. Бояд дар пайи маҷлиси мазкур 10 ҳуҷҷат қабул карда шавад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik.Дар пойтахти Қирғизистон 15-умин иҷлосияи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мегардад, хабар медиҳад сомонаи ташкилот.

Боинг 737-и ширкати Сомон эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Масъалаи алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Русия дар ҷаласаи СҲШ баррасӣ мешавад

Дар вохӯрии доираи кӯтоҳ  сарвазири Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Ӯзбекистонро бошад, муовини аввали нахуствазир Рустам Азимов намояндагӣ мекунад.

Дар вохӯрии доираи васеъ ба вазирон ҳайъати кишварҳои мушоҳидакунанда, намояндагони ташкилотҳои байналмиллаӣ ва кормандони Котиботи СҲШ ҳамроҳ мешаванд.

"Мувофиқи натиҷаи маҷлиси СҲШ интизори қабули даҳ ҳуҷҷат меравад, ки ҳар яки онҳо дар рушди муносибатҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба  дар чорчӯбаи Ташкилот аҳамияти муҳим дорад ва рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкориҳои гуманитариро таъмин мекунад",- омадааст дар хабар.

Иҷлосияи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ силсилаи расмии чорабиниҳоро вобаста ба 15-умин солгарди Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар ин сол таҷлил мегарадад, ба охир мерасонад.

Машқҳои кишварщои СҲШ дар Қирғизистон. Акс аз бойгнӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Қирғизистон пеш аз ҳамоиши СҲШ яроқсупорӣ мекунанд

Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2001-уми дар Шанхай ташкил дода шудааст. Ба  ин ташкилот Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дохил мешаванд. Ҳиндустон ва Покистон аз соли 2015 ба тартиби ворид гардидан ба СҲШ дохил шуданд. Мақсадҳои асосии ташкилот: таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни кишварҳои узв, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва соҳаҳои фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва  сиёсӣ, инчунин ҳамкориҳо дар даҳо соҳаҳои дигар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0