ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. ВКД Қирғизистон бо мақсади дар иҷлосияи Шӯрои сарони намояндагони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкек таъмин кардани амният, ба нақша гирифтааст, ки муваққатан яроқи оташфишони дар ихтиёри шаҳрвандон бударо мусодира кунад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ин меъёр на ба ҳамаи шаҳрвандон дахл дорад, балки ба ҳамон митақаҳое марбут мебошад, ки дар наздикии онҳо бошишгоҳҳои ҳайъати хориҷиён қарор гирифтааст.
"Ин андоза аз санаи 30-уми октябр то 8-уми ноябр ҷорӣ карда мешавад. Пас аз ин тамоми аслиҳа ба соҳибони қонунии худ баргардонида мешавад. Хоҳишмондем, ки ин маҳдудиятҳоро мардум дарк кунанд",- мегӯянд аз ВКХ Қирғизистон.
Хотиррасон мешавем, ки дар вақти гузаронидани 2-умин Бозиҳои умумиҷаҳонии кӯчманчиён ва иҷлосияи сарони давлатҳои узви ИДМ кормандони ҳифзи ҳуқуқ аслиҳаои шаҳрвандонро муваққатан мусодира мекунанд.
Санаи 3-уми ноябр дар Бишкек иҷлосияи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад, ки дар он масъалаҳои гуногун марбут ба кишварҳои аъзо баррасӣ мешавад.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай- ташкилоти байналмиллалӣ буда, соли 2001-ум ташкил шудааст. Ба таркиби ин ташкилот Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дохил мешавад. Мақоми нозирони ин ташкилотро кишварҳои Белорусия, Монголия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон доранд. Соли 2015 тартиби воридшавии Ҳиндустон ва Пакистон ба ташкилот сар шудааст.