ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар доираи баргузории ҷаласаи 15-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои аъзои СҲШ масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.
"Имрӯз ин мавзӯъ (қатъи парвозҳо миёни ФР ва ҶТ-шарҳ аз идора) дар ҷаласаи СҲШ дар Бишкек муҳокима мегардад",-хабар дод намояндаи вазорати нақлиёти ФР ба РИА Новости.
Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошт, ки агар назари мақомоти Тоҷикистон нисбат ба фурӯдгоҳи "Жуковский" бетағйир монад, ҷониби Русия аз 8-уми ноябри соли равон, ҳуқуқи боздошти парвозҳоро миёни Тоҷикистону Русия барои пешгирии вайрон накардани ҳуқуқи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия нигоҳ медорад.
Ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки муддати иҷозатномаи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон барои парвоз ба Русия санаи 1 декабр ба анҷом мерасад. Барои ҳалли ин масъалаҳо баргузории музокироти дуҷониба санаи 24-уми ноябр дар назар аст.
Рӯзи панҷшанбе дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои СҲШ баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ҷаласа нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.