Зоири Давлат: муносибати Тоҷикистону Русия олист, вале бояд мушкилоти муҳоҷират ҳал шавад

© Фото : Из личного архива Зоири ДавлатаКоршиноси робитаҳои байналмиллалӣ Зоири Давлат
Коршиноси робитаҳои байналмиллалӣ Зоири Давлат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия бояд пеш аз ҳама мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русия ҳалли худро пайдо кунад. Бо роҳи сиёҳ нишон додани чеҳраи муҳоҷирони корӣ дар бархе аз васитаҳои ахбори русӣ, ё масхара кардани онҳо намешавад ин мушкилӣ осон шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.Фарида Бобоҷонова. Валентина Матвиенко раиси Шӯрои Федеретсияи Русия  ҳангоми сафари кории хеш ба Тоҷикистон, бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқот орост. Дар гуфтушунид ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба ин ду кишвари дӯстро муҳокима карданд. Соҳаи савдо, маориф ва мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон, муҳоҷират, ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ дар дар доираи Иттиҳоди АвруОсиё аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосие буданд, ки тарафайн боло бардоштанд.

Раиси Шӯрои ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Матвиенко: иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ҳанӯз зиёд аст

Sputnik Тоҷикистон дар робита бо муносибатҳои Тоҷикистону Русия  ва нуфузи Русия дар кишвар тайи вақтҳои охир бо коршиноси робитаҳои байналмиллалӣ- Зоири Давлат сӯҳбат орост ва ақидаи ӯро дар атрофи ин мавзӯъҳо пурсон гашт.
Кадом омилҳо бештар Тоҷикистону Русияро бо ҳам мепайванданд-таърихӣ, фарҳангӣ ва ё сиёсӣ?

— Беш аз як қарн пеш, Русияи подшоҳӣ ба Осиёи Миёна, минҷумла, хоки имрӯзаи Тоҷикистон, роҳ ёфта буд ва дар аҳди ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ҳамчун як "республикаи советӣ-сотсиалистӣ" аз Кремл идора мешуд. Табиист, ки дар ин муддат муштаракоти зиёди таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни тоҷикону русҳо ба миён омад. Барои мисол, бештари тағйиротҳои сиёсие ки дар Русия ба вуқӯъ мепайваст, ба кишварҳои Осиёи Миёна бетаъсир намемонданд, ҳатто хатти миллии ин кишварҳо ба кириллӣ табдил дода шуд, равиши зиндагии мардум то андозае шакли русӣ гирифт. Забони илму сиёсат ҳам русӣ буд, умуман бештари бахшҳои иҷтимоиёти мардум шакли умумисоветӣ гирифта буд ва ҳамин тавр иртиботи зиёд байни мардум, аз ҷумла тоҷику рус ба вуҷуд омад. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз аксарияти кулли муҳоҷирони тоҷик бозори кори Русияро интихоб кардаанд. Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз як миллион гуфта мешавад, ки ин шумораи андак нест. Кору фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва таъмини молии хонаводаҳо дар Тоҷикистон, вуҷуди пойгоҳи низомӣ — Дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, робитаҳои ҳарду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шангхай ва монанди инҳо аз муҳимтарин омилҳое ба шумор мераванд, ки иртиботу муносибатҳои Тоҷикстону Русияро тақвият медиҳанд.

Маркази муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирон одат кардаанд

Ҳоло муносибати Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ қарор дорад ва кадом давраҳоро сипарӣ мекунад?

— Равобити давлатҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамеша дар сатҳи олӣ қарор дошта, аслан танишҳо дар муносибати ин кишварҳо дида намешавад. Русия, ки шарики асосии стратегии Тоҷикистон дониста мешавад, доимо талош мекунад, ки нуфузаш дар минтақа суст нашавад. Дар шароити муосири глобалӣ, ҳар як кишвари абарқудрат талош мекунад, ки доираи нуфузаш васеътар бошад. Ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки Кремл мехоҳад аз манофеи геостратегии худ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳимоят кунад. Давлати Тоҷикистон ҳам бо ин мухолифат накарда, бо назардошти аҳамияти нуфузи Русия дар минтақа ва ҷаҳон, онро шарики стратегӣ медонад. Маълум аст, ки бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ қудратҳои минтақавӣ аз қабили Эрону Туркия ва абарқудратҳое монанди Чину Амрико талош менамуданд, ки кишварҳои тозаистиқлолро дар доираи нуфузи худ ҷо бидиҳанд. Аммо, Русия бинобар вуҷуд доштани заминаҳои муносиб, аз қабили муштаракоти таърихӣ дар садсолаи ахир ва як замоне ҳамватан будани мардумони Русияву Осиёи Миёна, сайъ намуд то доираи нуфузаш танг нашавад ва бо ҳузури низомиаш дар минтақа онро то имрӯз нигоҳ доштаааст.

Барои рушди муносибатҳо кадом амалҳоро бояд анҷом дод? Кадом ҷодаҳои муносибатҳоро бояд тараққӣ дод?

— Пеш аз ҳама бояд мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русия ҳалли худро пайдо кунад. Бо роҳи сиёҳ нишон додани чеҳраи муҳоҷирони корӣ дар бархе аз васитаҳои ахбори русӣ, ё масхара кардани онҳо намешавад ин масъала ҳалли худро пайдо кунад. Иҷозат додани вуруди муҳоҷир пас аз муддате депорт кардани он ҳам роҳи ҳал нест. Танзими муҳоҷирату таъмини шароити хуби кор барои муҳоҷирон, ҳам барои обрӯ(имиҷ)-и Русия ва ҳам барои рушди иқтисодии Русия муҳим аст. Дар ин масъала ҷониби Тоҷикистон ҳам бояд мутахассисонро омода намояд, ки дар хориҷи кишвар ба мушкилоти тахассусӣ рӯбарӯ нашаванд. Аз онҷо ки шумораи донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Русия ҳар сол бештар мешавад, мешавад гуфт, ки ин ба манфиати ҳарду кишвар хоҳад. Дар умум бояд дар ҳама бахшҳо муносибатҳои амалан дӯстона, аз бахши кишоварзӣ то бахшҳои таълимиву низомӣ ба роҳ монда шаванд. Албатта, дар ҳама гуна муносибатҳо бояд манофеи миллии ҳар ду кишвар дар мадди назар қарор бигиранд.

Фурӯши харбуза дар бозори Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши савдои Тоҷикистон бо Русия кам мешавад, бо Чин зиёд

Чин ё Русия, кӣ ғолиб- нуфузи Чин бо сармояи бузург дар Тоҷикистон ва ё Русия бо қабули муҳоҷирон?

Чуноне ки хонум Матвиенко мегӯяд, зиёд шудани нуфузи Чин дар Тоҷикистон ба Русия халалдор нест

— Маълум аст, ки беш аз 80 дарсади маҳсулоти саноатӣ ба Тоҷикистон аз Чин меояд. Танг шудани бозори Русия дар Тоҷикистон озод эҳсос мешавад. Чин бо додани қарзи беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон барои сохтану бозсозии шоҳроҳу нақбу дигар иншоот, сармоягузори рақами як дар ин кишвари Осиёи Миёна мебошад. Инчунин, дар назар аст, ки то соли 2018 Чин 6 миллиард доллари дигар барои Тоҷикистон қарз бидиҳад, ки як қисми умдаи он барои сохтани лӯлаи гази Осиёи Миёна-Чин сарф хоҳад шуд. Дар робита ба ин, пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон дар санаи 13 октябр дар Душанбе Раиси Шӯрои Федератсияи Русия хонум Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барои Русия мушкилзо нест ва боиси коҳиши нуфузи Русия дар Тоҷикистон намешавад. Ӯ ба имконоти васеъ ва бартарии Русия барои тавсиаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ишора кард, вале воқеият ин аст, ки нуфузи Чин дар Тоҷикистон ҳамоно бештар мешавад ва мардум ҳам натиҷаи корҳои анҷомшудаи чиниҳоро дар кишвар мебинанд. Аммо, агарчанде ҳаҷми умумии сармояи Русия дар иқтисоди Тоҷикистон 1,2 миллиард доллар дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи газу нафт арзёбӣ мешавад, фаъолияти чиниҳо густардатар ба назар мерасад.

Шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё ба кишвар чӣ медиҳад, ба Русия чӣ?

Матвиенко бори дигар дар бораи ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ хотиррасон кард. Оё Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ворид мешуда бошад?

— Масъалаи пайвастани Тоикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то ҳол ниҳоӣ нашудааст. Ман фикр мекунам, ки бо як иттиҳоди иқтисодӣ пайвастан ҳамеша хуб аст. Яке аз роҳҳои ҳалли осон шудани содироти молҳои Тоҷикистон бо осонӣ ба Русия ҳамин аст. Бо ин роҳ мушкили тафтиши молҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дигар то Русия бартараф мешавад. Барои муҳоҷирони корӣ ҳам имтиёзҳои зиёд пайдо хоҳад шуд ва дар умум пайвастан ба ин иттиҳод барои мардуми Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест.

Лентаи хабарҳо
0