Матвиенко: иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия ҳанӯз зиёд аст

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкРаиси Шӯрои ФР. Акс аз бойгонӣ
Раиси Шӯрои ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки тайи солҳои охир байни Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои сиёсӣ рушд меёбанд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Иқтидори муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба охир нарасидааст, мегӯяд раиси Шӯрои ФР Валентина Матвиенко дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон,  дар арафаи панҷумин Форуми байналмиллалии "Русия ва Тоҷикистон: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ".

"Хотиррасон мекунам, ки ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар ташаккули муносибатҳои ин ду кишвар аҳамияти махсус дорад",- мегӯяд раиси Шӯро.

Дар доираи чорабинӣ ҷонибҳо аз соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд ва афзалиятҳои соли ояндаро муайян месозанд.

Думаи давлатии ФР.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи парлумонии ФР: кишварҳои ҳамсоя бояд интизори чӣ бошанд?

"Иқтидор(байни кишварҳо-шарщ аз идора) албатта то ҳол бузург аст ва кам нагаштааст. Он  дар соҳаҳои энергетика,  иқтисод,  савдо, саноат ва ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангӣ ба назар мерасад",- эълон дошт Матвиенко. Ба гуфтаи вай форум механизми самараноки мониторинг, таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро муайян мекунад, ки бояд дар минтақаҳои Тоҷикистону Русия ба роҳ монда шавад.

"Имрӯз мо ба Тоҷикистон парвоз мекунем ва пагоҳ тамоми рӯз ба корҳои худ машғул мешавем",—мегӯяд бо табассум  Матвиенко.

Роҳбари Шӯрои Федеретсия қайд кард, ки солҳои охир байни Тоҷикистон ва Русия муносибатҳои сиёсӣ инкишоф меёбанд.

"Мо асоси ҳамкории самараноки ин ду кишварро кайҳо гузоштаем. Гуфтушунидҳо ва ҳамоишҳои байни ду кишвар имконият медиҳанд, ки дар оянда ду давлат  дар ҳама соҳаҳо ҳамкорӣ намоянд"- қайд намуд пеш аз сафар Матвиенко.

Пештар манбаи Шӯрои Федератсия ба Sputnik Тоҷикистон  хабар дод, ки сиёсатмадори Русия санаи 12-уми октябр ба Тоҷикистон мерасад. Дар чорчӯбаи сафар Матвиенко бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат мекунад.

Гузаронидани қубури обгузар ба сокинони Сангтуда - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: сармоягузории Русия ба Тоҷикистон коҳиш намеёбад

Мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ин чорабинӣ: ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои молии Русия, рушди ҳисоббаробаркуниҳои бо пули миллӣ, тавозуни дастгирии пардохтҳо, ҳавасмандгардонь ба содирот ва воридоти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия; барои ҷолибияти сармоягузорӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ ва базаи меъёрии ҳуқуқии дахлдор, баланд бардоштани гардиши савдо бо ҷомеаи соҳибкорӣ, ташкил ва таъсиси корхонаҳои муштараки нав барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир; ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи таҳқиқ ва коркарди конҳои нафту газ ва канданиҳои фоиданок.

Дар доираи форум баррасии се мизи мудаввар дар мавзӯъҳои: 1) "Рушди иқтисоди байниминтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии байни Тоҷикистону Русия", 2) "Танзими ҳуқуқи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби меҳнати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия", 3) "Мусоидат ба рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ".

Зимни ба Душнабе расидан Матвиенко бо ҳамтои тоҷики худ-Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот хоҳад кард. Бино ба маълумоти Саидов, дар ҳоли ҳозир 83 минтақаҳои ФР бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0