ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Натиҷаҳои назарсанҷии маркази "Левада-центр" нишон медиҳанд, ки тӯли солҳои зиёд бори аввал шумораи шаҳрвандоне, ки дар шаҳр ва ё ноҳияи худ зиддиятҳои миллиро инкор мекунанд, хело зиёд гардидаанд.
Танҳо 18 фоизи пурсидашудагон оиди зиддиятнокии миллӣ баромад намуда, 78 фоизи онҳо набудани ин эҳсосотро тасдиқ кардаанд. Зиёда аз ин, эҳтимолияти ба амал омадани низоъҳои қавмиро танҳо 12% иштирокдорони назарсанҷӣ зикр карданд. Ҳар як респонденти (иштирокдори назарсанҷӣ) панҷум ҷавоб дод, ки ӯ бадбинии миллӣ надорад.
Қариб чоряки пурсидашудагон — 23% ибрози назар карданд, ки бояд ҳукумат монеаҳои муҳоҷиронро аз байн бардорад ва ин равандро ба фоидаи кишвар истифода барад.
Аммо қариб 70 фоизи иштирокдорони назарсанҷӣ мегӯянд, ки мехостанд буду боши баъзе миллатҳоро дар Русия камтар кунанд. Аз пурсиши мазкур бармеояд, ки хоҳиши коҳиш додани раванди муҳоҷират дар Русия моҳи марти соли 2016 ба ҳадди ниҳоии худ расид. Бештар ин нишондод бо бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо марбут аст.
Ҳар як шаҳванди сеюми Русия пешниҳод намуд, ки чорабиниҳои коҳиш додани шумораи муҳоҷирон нисбати сокинони қисме аз Кавказ истифода бурда шавад. Аммо бояд қайд намуд, ки дар ин назарсанҷӣ натиҷаҳои беҳтар ҳосил шудааст. Зеро дар назарсанҷии соли 2013 дар ин бора 54% пурсидашудагон ибрози назар кардаанд. 29% шаҳрвандони кишварҳои собиқ ИҶШС-ро номбар карданд (соли 2013- 45%). Хитоиҳоро 24% иштирокдорони назарманҷӣ зикр намуданд, ҷӯгиҳоро- 21%, ветнамиҳоро-19% ва украиниҳоро 13% пурсидашудагон қайд карданд.
Дар баробари ин, 64% фоиз то ҳол боварӣ доранд, ки шумораи ҷинояткорӣ аз ҳисоби муҳоҷирон зиёд мешавад, хориҷиён ба шаҳрвандони кишвар ҷойҳои кориро танг мекунанд ва 39% дигар қайд карданд, ки муҳоҷирон фарҳанги русиро вайрон мекунанд.
Дар айни замон 60% пурсидашудагон нисбати муҳоҷироне, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекунанд, зиддият надоранд. Мувофиқи маълумотҳои ҷамъиятшиносон, натиҷаҳо бо паст шудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия марбут мебошанд. Инчунин чораҳои андешидаи хадамотҳои давлатӣ, ки пеш аз ҳама бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза мебаранд, самара ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки пештар муовини раиси кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Питербург Николай Рогачев дар бораи паст шудани тамоюли афзоиши меҳнат эълон намуд. Дар соли гузашта низ ин раванд ба назар мерасид, ки шумораи афзоиши муҳоҷират қариб ба 26 ҳзр коҳиш ёфта буд. Аз ҷумла, қисман шаҳрвандони Қирғизистон, Белорус, Малдова, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тарки муҳоҷирати меҳнатӣ намуданд.